Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Зебоӣ ширингуфторӣ, сухани бомаънӣ ва бомавриду боандеша, таъсири он ба одамон ва одоби каломро Бедил яке аз хислатҳои волои худшиносӣ шуморида, кибру ғурурро ҳамчун нишонаи нодонӣ ва ноогоҳӣ аз худ баҳо дода, таъкид менамояд:
Сухан зи мавҷи адаб мавҷи гавҳараш гиред,
Кам аст лағжиши хат, гар ба мистараш гиред.
Ба бастани мижа хатм аст дарси илму амал,
Ҳамин варақ ба ҳам ореду дафтараш гиред.
Бубанд чашму хати ҳар китобро дарёб,
Зи вазъи ин ду нуқта интихобро дарёб.
Дар мақоме, ки тамошо асари берангист,
Чашми пӯшида ба маънӣ ҳамаро мебинад.
Ба вазъи ибрат агар мумтаҳин шавад тавфиқ,
Зи худ баромадане ҳаст, минбараш гиред.
Набарӣ гумон, ки яъне ба Худо расида бошӣ,
Ту зи худ нарафта берун, ба куҷо расида бошӣ.
Пайкари ҳамгашта иншо мекунад мӯи сафед
Мавҷи чӯи шир бе имдоди оби теша нест.
Бедил худнамоиро маҳкум намуда, мақоми сарвари доноро дар нигоҳдории
осоишу амонӣ, инчунин, ҳалли масоили вазнинро дар бузургӣи худи сарварон
мебинад. Дар зиндагӣ адлу зулм, хайру шар, амну хатар ҳамеша паҳлӯи ҳам
мебошанд. Сарваре, ки дар байни халқ ва дар муносибат ба мардум ҳалим
буда, бо адлу инсоф роҳбарӣ мекунад, азизтарин ва боэҳтиромтарин сарвар
ҳисоб меёбад. Бинобар ин, Бедил таъкид мекунад, ки ҳар қадар сарвари бузург

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо