Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Ҳастии тирадилон ҷумла ба хорӣ гузарад,
Соя доим ба сари хок кашад гесӯро.
Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост,
Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро.
Бедил дар вақтшиносӣ мақоми арзандаи худро соҳиб гашта, таъкид месозад, ки ҳар оғозеро анҷомест, бо баргаштан ба ҳолати аввали хеш, яъне оқибати виндагии одам нестию фано буда, қаҳҳатаи ҳаёти ӯро ва роҳбариро на хати паргор номидааст. Оғозу анҷоми хати паргор дар як нуқта ҷойгир аст:
Чун хати паргор агар мақсад далели аӯз нест,
Пойи оғоз аз чӣ мебӯсад сари анҷомҳо.
Сахт душвор аст қатъи роҳи иқлими Адам,
Ҳамчу пайки умр бояд аз нафас зад ғомҳо.
Мақсади ваҳшатхиромони нафас фаҳмиданист,
Бе суроғе нестанд ин бӯи гулэҳромҳо.
Нашъаи айше ки дорад ин чаман, ҳамёза аст,
Бар пари товус мебандам бароти ҷомҳо.
Ҳеҷ кас дар олами иқбол фориғбол нест,
Рахш натвон тохтан, Бедил ба пушти бомҳо.
Пириам роҳи фано дар зиндагӣ ҳамвор кард,
Бесутуни умрро ҷуз қомати хам теша нест.
Сози ҳастӣ як қалам омодан барқи фаност,
Мушти хошоке ки натвон сӯхтан дар беша нест.
Бар шишаҳои соат агар ворасидаӣ,
Дарёб гарди қофилаи моҳу солро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо