Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таманнои зи по афтодагон ҳам кард пуштамро, Хӯрам чун ғунча хун, бинам сареро гар ба зонуе.
х х х х х Қадри соҳибдард соҳибдард медонад, ки чист?
Дар тафаккур ҳар куҷо дидам саре, зону шудам.

Аҳли салтанат ва ҳомиёни динро даъват менамояд, то дили мардум ба даст оранд, чунки ин амал баробари зиёрати Каъба мебошад.

Бинои Каъба бувад дил ба даст овардан,
Агар Худоталабӣ мекунӣ, Худо ин ҷост.

Дар бораи ваҳдату якпорчагӣ ва иттифоқию бародарии Сайидо мегӯяд:

Мӯрчагонро чу бувад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

МИРЗО АБДУЛҚОДИРИ БЕДИЛ
(1644 - 1721)

Дар байни шоирони форсигӯи сарзамини Ҳинд дар аҳди Сафавӣ Абдулқодири Бедил нодирманде бо биниши комилан тоза ва гӯиши бемислу монанд ҷилва намудааст, ки то имрӯз дар тамоми дунё ҳамтои худро надорад.
Ғазалиёти Бедил саросар асрор аст, панд аст, насиҳат аст, табиат аст, ақлу фаросату хирад аст. Шоир пардапӯшона сухан гуфта, сарварию роҳбарии ноодилонаи даврони худро хеле моҳирона баҳогузорӣ намудааст. Гарчанде ки дар ин ҷода Ҳокониву Мавлоно, Саъдиву Ҳофиз ва Хусрав ҷилва дошта бошанд ҳам, шоир мавзӯъҳои ғазалиёташро хеле ва хеле суфиёнаи малакутӣ интихоб намуда, аз иҷрои он бо санъати бемислу моҳанд баромадааст. Дар насри форсӣ сабки Бедил ба Ансорӣ ва Ғазолӣ монандӣ дошта бошад ҳам, равиши мантиқии ӯ дар наср монандӣ ғазалҳояш фарқкунанда мебошад.

пешина
аз 566
навбатӣ