Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сайидо зиёда аз 27 маснавӣ эҷод намудааст, ки он ба мавзуъҳои гуногуни ҳаёти худи ӯ бахшида шудаанд. Аз ҷумла таъкид менамояд, ки новобаста аз ҳунари худ рӯзгори қашшоқона ва ҳоли табоҳ дорад:

Зи кунҷи хонаи худ, Сайидо берун намеояд,
Мабодо пай барад ағёр аз ҳоли табоҳи ман.

Ё дар ҷои дигар оиди тамаъ ва тамаъҷӯии одамон Сайидо мегӯяд:

Нестанд аз орзу ҳоли Сулаймон то ба мӯр,
Ҳеҷ кас аз худ тамаъро дур натвонист кард.
х х х х х
Рӯзии соҳибтаваккул мерасад аз осмон,
Аз тараддуд санги зери осиё осудааст.
х х х х х
Решаи зулфи парешонӣ бувад нахли вуҷуд,
Одамӣ аз содалавҳӣ шиква аз гардун кунад.

Аз мансабталошону ҳокимиятталабон шоир ба дод омада мегӯяд:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халқ, Тоҷ агар ин аст, олам сарнагун хоҳад шудан.
х х х х х Ба гулзори ҷаҳон, эй Сайидо, умрест саргармам, Ба ғайр аз ғунчаи хандон диле хуррам намебинам.

Шоир дунёпарастонро пайваста мазаммат мекунад:

Қиссаи дунёпарастони ҷаҳон нашниданист,
Ҳарфе аз девонае девонае пурсиду рафт.

Сайидо, ки худ аз табақаи аҳли ҳунар ва мардуми заҳматкаш буд, аз аҳволи эшон ранҷ мекашид ва ин маъни дар ашъори ӯ хеле равшан дарҷ ёфтааст:

пешина
аз 566
навбатӣ