Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тасвири намуди зоҳирии қозӣ нишонаи аз ҷодаи ҳақиқат ва адлу инсоф дур будани ӯро шоҳидӣ медиҳад. Ё дар айбномаи бадеии шоир дар васфи вазири мамлакати Мавороуннаҳр Хоҷа Юсуфи Маломатӣ қабоҳати бисёр нангине оиди роҳбарону амирому вазирон мебошад:

Ҳаст дар силсилаи ҳоқонӣ
Мӯҳродоре, ки надорад сонӣ,
Чун каломаш ба зарофат омехт,
Аз даҳонаш гуҳари беҳад рехт.
Фахри офоқ бувад з-ӯ шуда фош,
Мардумию караму ҳусни маош.
Аз сари лутф мӯини фуқарост,
Ки кушода рухаш аз айни атост.

Боиси зикр аст, ки дар қисми асосии ин асар аҳволи халқу мамлакат, тарзу усули роҳбарӣ, бо роҳи тасвирҳо ва ҳикояҳо хеле равшан оварда шудааст, ки аз нигоҳи мо барои Шумо роҳбарони оянда мутолиаи ин асари бузург аз фоида холӣ намебошад.

САЙИДОИ НАСАФӢ

Миробид Сайидои Насафӣ дар Бухоро таваллуд шуда, айёми бачагиро хеле душвор ва қашшоқона ҳамроҳи падар мегузаронад ки худи ӯ мегӯяд:

Дар оғӯши падар, эй Сайидо, дорам лаби хушке, Маро зодаст модар дар чӣ вақте, дар чӣ давроне?

Аз мазмуну муҳтавли аксари офаридаҳои шоир маълум мегардад, ки падар ва худи ӯ аслан ба касби бофандагӣ машғул будаанд. Бо баъзе амалдорони давлатӣ робита пайдо карда, дар маҷлису сӯҳбатҳои онҳо иштирок менамоянд, аммо аз ишораҳои ӯ маълум мегардад, ки аз он манфиате намебинад:

Эй Сайидо, мураббии олӣ талаб намои,
Неку баде, ки ҳаст ба арбоб меҳӯрад.
Рафтам ба аҳли ҷоҳ, ки ҷӯям ба худ либос,
Дар бар ба ғайри ҷомаи мотам наёфтаам.

пешина
аз 566
навбатӣ