Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
боби онро Восифӣ «Гуфтор» номидааст, ки дар ин бобҳо мавзӯъҳои гуногун аз мероси бузургони мо Камоли Исмоил, Саъдӣ, Ҳофиз, Амир Хусрав, Салмони Соваҷӣ, Ҷомӣ ва дигарон намунаҳо оварда мешаванд.
Мероси худи Восифӣ дар ин асар зиёдтар аз 1600 байтро ташкил медиҳад.
Дар ин асар муҳимтарин ҳодисаҳои сиёсӣ, маданӣ ва иҷтимоии замони шоир оварда шудааст. Бояд гуфт, ки осори донишманд пур аз ҳикояҳо ва саргузаштҳое мебошанд, ки дар онҳо бештар оиди зулму ситам ва беадолатии амирону ҳокимон ва ҳасадхӯрону кӯрбинони замон сухан меравад. Чунончи Восифӣ дар бораи дараҷаи дониш ва донишомӯзии мударрисони мадрасаи Улуғбек чунин мисол меорад: «Мирзамолиддин ном шахс дар бешармӣ ва беҳаёӣ монанд надошт ва аз фазлу камол ҳам бебаҳра буд. Аммо ба воситаи давоми ихтилот ва хушомадгӯй ба пеши Шайбониён эътибор пайдо карда буд.
Онҳо ӯро муллои дуруст ва донишманд мепиндоштанд. Бинобар ин, Шайбонихон дар мадрасаи Улуғбек Мирзо дар суфае, ки аз рӯи шартномаи мадраса бояд донишмандтарин олимон мударрис мешуданд, ӯро мударрис тайин карда буд ва баҳраи вай аз наҳв ҳамин буд, ки масҳи зону фарз аст ва аз фиқҳ ҳамин ки мубтадо маҷрур аст». Аслан аз ин усули дин ҳам ҳеҷ чизро намедонад.
Ин олимнамои беҳаё дар рӯйпӯш намудани ҳамокати худ ва ба муқобили уламои забардаст, аз ҷумла Ҳоҷии Табрези фитнаю дасисаҳо ташкил мекунад.
Кор ба ҷое мерасад, ки Табрезиро бо ҳама донишу фазилати баланд гирифтори ҳабс мегардонад...
Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» оиди давлат ва давлатдорӣ ва адлу адолати шоҳону амирон ҳикояҳои зиёде оварда шуда, аз ҷумла Султон Маҳмуд ва Улуғбек Мирзо низ ёдоварӣ шудаанд. Восифӣ дар кори роҳбарӣ ба қаду қомат, сару либос ва одоби сухан диққат доданро омили асосии самараи роҳбарӣ номидааст. Чунончи мегӯяд:
«Қомати баланди солхӯрдаи наҳиф ва лоғари қозӣ монанди ходаи дарози хушкида рост меистод ва сару риши ӯ бар болои он қомат чунон менамуд, ки гӯё сари дарахти пуршоҳу баргро аз гарданаш бурида ба сари он хода ниҳода бошанд ва сару рӯи ӯ дар байни риш монанди канае менамуд, ки дар зери хирмани пашм афтида бошад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ