Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Биё, эй аз такаббур маст гашта,
Зи фикри сарбаландӣ паст гашта!
Тавозӯъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ,
Фурӯтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ.
Такаббур сарбаландонро кунад паст,
Тавозӯъ зердастонро забардаст....
Кашӣ гар аз такаббур сар ба афлок,
Нишинӣ ҳамчун оташ зуд бар хок.

Ҳилолӣ инсонро олитарин падидаи Худованд арзёбӣ намуда, ӯро пайваста ба некӯию накӯкорӣ, хирадмандӣ ва хушахлоқӣ даъват менамояд. Аз ин хотир, асари барҷастаи «Сифот-ул-ошиқин»-ро дар пайравии Низомиву Саъдӣ, Хусраву Ҷомӣ эҷод намуда, маҳз ҷиҳати одобу тарбияи ахлоқро дар ҷои аввал гузоштааст, ки мегӯяд:
Навиштам номае дар некномӣ,
Ки Хусрав офарин карду Низомӣ.
Калиди «Маҳзан-ул-асрор» бо ӯст,
Фурӯғи «Матлаъ-ул-анвор» бо ӯст.
«Гулистон» аст дар вай «Бӯстон»-ҳо,
Дар аврҳоқаш ҳазорон достонҳо.

ЗАЙНИДДИН МАҲМУДИ ВОСИФӢ
(1485 - 1555)

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нависандаи барҷаста, шоири намоёни классики форсу тоҷик соли 1485 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Бино ба маълумоти худи шоир аксари хешовандони ӯ одамиёни миёнаҳоли шаҳр ва бомаърифати Ҳирот буданд. Дар натиҷаи муборизаҳои шадиди мазҳабии Восифӣ, ки аҳли суннат буд, маҷбур мешавад, ки Ҳиротро тарк гуфта, як умр дар Мовароуннаҳр зиндагонӣ кунад. Аз Восифӣ ба мо мероси пурқиммате — асари бузурги ӯ «Бадоеъ-ул-вақоеъ» боқӣ мондааст, ки ба ақидаи устод С. Айнӣ тахминан 90 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад. Асар аз 46 боб иборат буда, ҳар

пешина
аз 566
навбатӣ