Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,
Ё одам нест, ё аз ин олам нест.

Покдоманию поксиришти инсон низ аз паҳлӯҳои эҷодиёти хирадмандони Ҳилолӣ мебошанд:

Нест ҷонро дар тани поки ту асло нисбате,
Ин тани поки ту сад раҳ, поктар аз ҷони пок.

Дар ашъори шоир мардию шуҷоатмандӣ ва нангу номӯси ватандорию хештаншиносӣ ҳамчун беҳтарин хислатҳои ҷавонмардию роҳбарӣ муаррифӣ шудаанд:

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтад, шер аст.
Далероне, ки дур аз бим буданд,
Сипаҳсолори ҳафт иқлим буданд.
Ба як дам оламеро фатҳ кардан,
Беҳ аз нанги ҳама олам ба гардан.
Агар сад бор зери санг бошӣ,
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.

Фазилату ҳимматбаландӣ ва саховатмандӣ дар ашъори шоир мавқеи хоса дошта, тавассути он шоир амирону ҳокимон ва умуман мардумони сарватмандро ба касб намудани ин хислатҳои ҳамида даъват менамояд. Бо ақидаи ӯ касе, ки дар зиндагӣ ба ҳимматбаландию родмардӣ ва некномию саодатмандӣ муваффақ шуд, ӯ ҳазорсолаҳо дар дили халқ ҷовидон хоҳад монд.

Аз он з-аҳли саодат гашт Фарҳод,
Ки ҳиммат басту ҷӯи шир бикшод.
Зи ҳиммат санги хоро гар накандӣ,
Назар бар лаъли Ширин кай фикандӣ.
Ба ҳиммат кӯҳро аз пеш бардошт,
Аҷаб санге зи роҳи хеш бардошт.

Шоир пайваста шахсони дорои хислатҳои ношоиста, аз қабили такаббуру ғурурро сахт мазамат намуда, онҳоро ба хоксорию фурӯтанӣ, ки инсонро сарбаланд месозад, даъват мекунад:

пешина
аз 566
навбатӣ