Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мунтазами низомӣ ташкил карда шуданд. Ин имкон дод, ки мулкҳои Қафқозро аз ҳуҷуми туркҳо нигоҳ дошта, сарҳадро мустаҳкам намоянд.

Саноати қадимаи тоҷикон гилембофӣ, дар ин давра авч гирифта маҳсулоти он барои зебу зиннати хонаҳои истиқоматӣ ва қасрҳо истифода карда мешуд. Бостоншиносон дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносӣ нақши гилемеро пайдо намуданд, ки ба Тахти Ҷамшед шабоҳат дорад ва бо суратҳои хеле зебои мурғон ва гулу дарахтон нақшбандӣ шудааст. Дар натиҷаи инкишофи тиҷоратӣ ва дигар ҳамкориҳои иқтисодии байни давлатҳои Чин, Рум ва Ҳиндустон дастовардҳои мардуми ориёинажод ба тамоми дунё ҳанӯз дар ҳамон замон паҳн шуда буд, ки инро аксари донишмандони дунё дар асарҳои бузурги худ қайд карда гузаштаанд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар ҳамин давра дар ватани таърихии тоҷикуну эрониҳо - бохтариҳо, суғдиҳо, форсҳо марғониёну фарғониҳо бо ҳамдигар наздик ва унсурҳои забонӣ ва маданияти якдигар омехта шуда, дар тӯли садсолаҳо шаклу мазмуни гуногунро гирифтаанд.

Дар инкишофи мадрасаҳои бузург ва китобхонаҳо низ шоҳони сосонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар назди таълимгоҳҳо бемористонҳо ташкил карда мешуданд, бевосита толибилмон дониши худро дар ташхис ва муолиҷаи бемор истифода мекарданд. Махсусан, таълимгоҳи Гунди Шопур ва китобхонаи назди он хеле беназир буданд. Ин мадраса на фақат дар рушди илми тиб, балки дигар илмҳоро аз қабили фалсафа, нуҷум, риёзиёт ва ғ. инкишоф дода, дар он новобаста аз мақоми асосӣ доштани ойини зардуштии донишмандони пазирандаи ҳама дину оинҳо ва мазҳабҳо фаъолияти илмию корӣ доштанд. Ситорашиносӣ ба сифати илми хеле зарурии иқтисодию иҷтимоӣ истифода карда мешуд. Китобҳои зиёде низ дар ин давра оид ба илмҳои гуногун иншо шудаанд, мисол достонҳое, то имрӯз ба мо боқӣ мондаанд: аз қабили «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Синбоднома» ва дигар осори пурарзише, ки амсолашон то имрӯз таълиф нагардидааст. Мутаассифона, баъзе дастовардҳоро дигар халқҳо бо забони худ тарҷума намуда, ба худашон нисбат медиҳанд.

Дар адолатпарварию хирадмандии хонадони Сосониён Ҳусрави Анушервон шахсияти барҷаста ба ҳисоб меравад. Оид ба хирадмандии ин шоҳ дар халқ чунин гуфтор мавҷуд аст.

пешина
аз 566
навбатӣ