Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Хусусияти хоси хирадмандонай шоҳони форс аз он иборат буд, ки онҳо рӯзи «Наврӯз» ба назди мардум баромада арзу доди онҳоро гӯш мекарданд.
Шахсоне, ки ягон навоварӣ ё худ кори некеро анҷом медоданд бо тӯҳфаҳо ва мукофотҳо қадр карда мешуданд.
Махсусан, ин ҷашнгирӣ дар замони ҳукмронии Сосониён ба авҷи олии худ расида, бо тамоми анъанаҳо ва расмиятҳои форсии қадима сурат мегирифтанд.
Ин дар шоҳасари таърихии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и файласуфи бузурги тоҷик Умари Хайём, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Таърихи мулуки аҷам»-и Алишер Навоӣ хеле хуб дарҷ ёфтааст.
Баъд аз ҷорӣ шудани дини ислом, халифаи дуюми аббосиҳо Ибни Мансур Наврӯзро дар қатори расму оини исломӣ пазируфта, ҷашнгирии он 5 - 6 рӯз идома меёфт. Оид ба дигар хислатҳои хирадмандии шоҳон мо дар мавзӯъҳои оянда тариқи ҳикоят мисолҳои зиёдеро пешкаш хоҳем кард.
Дар сохтори давлатдорӣ ва роҳбарии форсҳо шоҳ ҳам қозӣ, ҳам қонунгузор ва ҳам сарлашкар буда, аз аксари ҳуқуқҳо бархӯрдор буд.
Мақоми дуюмро дар роҳбарии давлат садри аъзам — вазир мебозид, ки аз ҷумлаи хирадмандтарин ва бомурувваттарин ашроф интихоб мешуд. Дар бораи мавқеи вазирон мо дар ҳикояти китоби мазкур ба Шумо хонандаи азиз муфассал гуфта мегузарем. Чунин гуфторҳои халқӣ оид ба мақоми вазирон вуҷуд дошт, ки Шоҳ бе вазири донишманд ба бузургӣ расида наметавонад. Ё ин ки мегуфтанд, ки «Мамлакат мисоли хайма буда, сутуни он Вазири боақлу хирадманд мебошад». Аз вазирони номдори давраи Сосониён ва Сомониён бошад Бузургмеҳр, Меҳрнасрӣ, Абарсон, Суран, Паҳлав, Абуфазли Балъамӣ, Абуалӣ ибни Сино, Низомулмулкро метавон мисол овард. Махсусан, Бузургмеҳр ва Низомулмулк дар таърих ҳамчун рамзи ҳикмат ва хирад шинохта шудаанд.
Инкишофи шаҳру обёрикунии заминҳо дар замони шоҳ Шопури II авҷ
гирифта, бисёр иншоотҳои обӣ сохта шудаанд. Маҳз дар давраи Сосониён
вориси Қубод - Хусрави Анушервон (531 - 579) ислоҳоти замин, молия ва
низомӣ гузаронида, муваффақияти калон ба даст меоранд. Мувофиқи ин ислоҳот
барои 10 сотих замини зироатӣ 1 дирҳам андоз ва барои боғот ҳамагӣ 8 дирам
андоз ситонида мешуд. Оиди молу амволи хона низ аз 4 то 12 дирҳам андоз
мегирифтанд. Дар ин давра, инчунин, дастаҳои муҳофизати дарбор ва қушунҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё