Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Қорун бимурд, ки ҳазорон хона ганҷ дошт,
Нушервон намурд, ки номи накӯ гузошт.
Баъд аз Нушервон кори ӯро ворисонаш Ҳурмуз ва Парвиз давом доданд. Илова бар ин дар замони Сосониён боз ба дину оини Зардуштии мартабаи расмии давлатӣ дода шуд ва маҳз дар ҳамин давра қисматҳои парокандаи «Авасто» қисман барқарор карда шуд. Шоҳони Сосонӣ барои инкишоф ва гирд овардани дониш ва фазилатҳои бузурги халқи ориёинажод кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ доданд.
Боиси зикр аст, ки яке аз хусусияти асосии онҳо таълимот доир ба қувваи тавоно ва нодир будани қобилияти зеҳнии инсонҳо ва талқини инсонӣ созанда ва накӯкор боқӣ мондан маҳсуб меёфт. Накӯкорию некусириштиро ҳамчун қувваи асосии инкишоф қарор додан, хиради бузургест, ки барои инкишофи имрӯзаи менеджменти Тоҷикистон ва умуман зинаҳои гуногуни сарварӣ хеле заруру саривақтӣ мебошад.
Чунин таълимот доимо ташвиқот бурда мешуд, ки агар касе амали хайреро анҷом диҳад, дар ҳар ду олам шодком аст. Инсони комилу хирадманд шахсеро мегуфтанд, ки амали хешро ба тантанаи ин се раванди таълимоти Зардуштӣ «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» нишонагирӣ созад.
Давлати Сосониён, хусусан, дар замони ҳукмронии Хусрави I Анушервон (531 - 579) ба зинаи олии инкишофи худ расидааст. Риштаи давлатдории ӯ аз Яман то халиҷи Форс ва дарёи Омуро дар бар гирифта шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Марву Балх ба маркази тиҷоратӣ табдил ёфта буданд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров се нуқтаи бартариятноки ҳукмронии Сосониёнро, ки зиёда аз 400 сол (224 - 651) давом ёфтааст, аслан чунин баҳогузорӣ менамояд. «Якум, тақрибан аз асри IV мелодӣ дар давлати Сосониён муносибатҳои феодалӣ бо суръат инкишоф меёбад.
Дуюм, бар хилофи қувваҳои марказгурези волию ҳокимони алоҳидаи баъзе ноҳияҳо мақоми ҳокимияти марказӣ дар Эрон баланд мешавад, бинобар ҳамин Ф.Энгелс давлати Сосониёнро «подшоҳии бетартиб» номида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё