Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Гӯсфанд аз барои чӯпон нест,
Балки чӯпон барои хизмати ӯст.

Аз ин андешаҳо маълум мегардад, ки донишманд роҳбариро шарти зарурии мавҷудияти ҷомеаи солим шуморида, ҳидояти онро дорад, амирону ҳокимон бояд доим дар хизмати халқ бошанд.

Саъдӣ фиребгару дурӯягонро низ зери танқид қарор дода, таъкид ба эҳтироми Зоти пок ва тозагии ботинӣ дорад:
Саъдии Шерозӣе, таълим мадеҳ бадзодро, Бадзод агар доно шавад, нах мезанад устодро.

х х х х х
Зоҳири ҳоли орифон далқ аст,
Ин қадар бас, ки рӯй дар халқ аст.

х х х х х
Олим он кас бувад, ки бад накунад,
Набигӯяд ба халқу худ накунад.

Назари Саъдӣ ба шахсони ношоиста дар сарварӣ он аст, ки онҳо ҳуқуқи маънавии ба халқ роҳбарӣ карданро надоранд.
Одам, ки комронию танпарварӣ кунад, Ӯ хештан кам аст, киро роҳбарӣ кунад.

Қадршиносии меҳнати дигарон ва фаъолияти якҷояи инсониро шоир тарафдорӣ намуда, инсонҳоро ба вафодорию хештаншиносӣ ва меҳру муҳаббат доштан ба якдигар даъват менамояд:
Ту, ки аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ӯ ҳангоми сафарҳои дуру дароз ба мушкилиҳои зиёд ва меҳрубониҳои халқҳои гуногун рӯ ба рӯ гашта, панду ҳикматҳои гуногуну зиёдеро шунида, арзишҳои умумибашариро пешниҳод менамояд, ки барои тамоми инсоният хос мебошанд ва дар навбати аввал илму дониш ва тибқи он амал намудан мебошад.
Илм чандон, ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад, на донишманд, Чорпое ба ӯ китобе чанд.

пешина
аз 566
навбатӣ