Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳама соҳаҳои ҳаёт меҳнати пайваста ва кӯшишу ғайратро тарафдорӣ намуда, пойдории илмро дар такрор ва мубоҳиса дида, мегӯяд: Моли бетиҷорат ва илми бебаҳс ва мулки бесиёсат поянда нест.

Асоси муваффақиятҳои роҳбариро Саъдӣ дар одоби муошират дида сухани ширину пурмазмун ва муомилаи ҳалимро парастиш дорад:
Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист, Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе, Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.

          • Агарчи пеши хирадманд ҳамӯшӣ адаб аст, Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
            Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан, Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

Қатъинродагӣ ва боғайратӣ ва сахтгирии роҳбариро нисбати одамони танбалу дуруштхӯй чунин таъкид кардааст:
Сухан ба лутфу карам бар дуруштхӯй магӯй,
Ки зангхӯрда нагардад магар ба суҳон пок.

Ё, ин ки дар дигар ҷой мегӯяд:
Чу бо сифла гӯй ба лутфу хӯшӣ,
Фузун гардадаш кибру гарданкашӣ.

Саъдӣ таъкид менамояд, ки роҳбари донишманд бояд суханро бо далелҳои аниқу дақиқ ва ишқу меҳру муҳаббати баланд изҳор намояд, то онро дигарон тасдиқ карда, тибқи он фаъолият намоянд ва натиҷаи мусбӣ ба даст оранд:
Нагуфта надорад касе бо ту кор, Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр.
Х ХХХХ Сухан гарчи дилбанду ширин бувад, Сазовори тасдиқу таҳсин бувад.
Х Х Х Х Х Сухан берун магӯ аз ишқ Саъдӣ, Сухан ишқ асту дигар қилу қол аст.

пешина
аз 566
навбатӣ