Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар осорҳои хеш Саъдӣ доимо амирону подшоҳонро бо адлу инсоф ва аз зулм даст кашидан даъват намуда, зулмро барканандаи пойдевори давлат меномад:
Подшоҳе, ки тархи зулм афканд,
Пойдевори мулки хеш биканд.
Ӯ роҳбари золимро сахт маҳкум намуда:
Эй забардасти зердастозор,
То ба кай гарм монад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ,
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
Роҳбаронро ҳамеша ба адлу инсоф даъват карда мегӯяд:
Макун бар заифони бечора зӯр,
Бияндеш охир зи тангии гӯр...
Ситам бар заифони мискин макун,
Ки золим ба дӯзах равад бе сухун.
Саъдӣ нисбати ҳокимону амирони золим мегӯяд, ки онҳо табиатан золиманд ва бо олиму одил ба қалам додани воизони дину маддоҳони дарбор, ки манфиати шахсиашонро тамаъ доранд, ин роҳбарон одил намешаванд:
Амири золиму ҷоҳил, ки хуни халқ хӯрад,
Чӣ гуна олиму одил шавад ба қавли хатиб?
Ба ақидаи Саъдӣ халқи меҳнаткаш ба лутфу навозиш эҳтиёҷ дорад ва аҳли салтанатро даъват менамояд, ки ба бандагони худ ҳамеша меҳрубон бошанд:
Бандаи халқабагӯш ар нанавозӣ биравад,
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад халқабагӯш.
Ӯ зарурати сарвари доно ва умуман роҳбари хирадмандро шарти асосии низоми мулк номида мегӯяд:
Зарурат аст, ки оҳодро саре бошад,
Вагарна мулк нагирад ба ҳеҷ гуна низом.
Ё дар дигар ҷо қайд мекунад:
Подшаҳ посбони дарвеш аст,
Гарчи ромиш ба фарри давлати ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё