Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
САЪДИИ ШЕРОЗӢ
(1189 – 1292)
Саъдии Шерозӣ аз замири адиб ва мутафаккири баргузидаи ҷомеаи башарист, ки бо таълифоту таълимоти худ барои мардуми форсу тоҷик хизмати бузурги таърихие кардааст. Ӯ дар пешбурди тамаддун ва рушди нумӯи афкори бадеии ҷаҳонӣ низ саҳми арзандае дорад. Афкору андешаҳои Саъдӣ имрӯз низ дар тарбияи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор аст. Шоҳиди барҷастаи ин маъни дар пештоқи даромадгоҳи Шӯрои амнияти СММ бо забонҳои машҳури дунё сабт гаштани абёти зерини ҷовидонаи Саъдӣ мебошад, ки аз асари безаволи ӯ «Гулистон» оварда шудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.
Қобили зикр аст, ки на танҳо «Бӯстон» ва «Гулистон», балки осори дигари ӯ, аз ҷумлаи қасоид, ғазалиёт ва рисолаҳояш низ ҳама тарғибгари илму хирад, адлу адолат, сидқу вафо ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, то имрӯз аҳамияти тарбиявӣ ва таълимии худро аз даст надодаанд.
Саъдӣ баъди хатми мадраса барои сайқал додани дониши азбар намудааш сафарҳои зиёде намуда, ба ин васила бо халқу миллатҳо ва урфу одатҳои мардумони зиёди дунё шинос шуда, натоиҷи онро дар асарҳои худ «Бӯстон» ва «Гулистон» дар шакли ҳикояҳо ва хотираҳо дарҷ намудааст. Шоир ин маъниро дар «Бӯстон», «Саъдинома»-и худ чунин ба қалам додааст:
Дар ақои олам бигаштам басе, Ба сар бурдан айём бо ҳар касе.
Томаттуъ зи ҳар гӯшае ёфтам, Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.
Осори ӯро инчунин, боз чор девони ғазалиёт «Тайибот», «Бадоев», «Хавотим» ва «Ғазалиёти қадим» ташкил медиҳад. Инчунин, асари дигари панду ҳикматии Саъдӣ «Соҳибнома» буда, дар тарбияи маънавии инсон ва фаъолияти роҳбарӣ хеле манфиатнок мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё