Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Андар фурӯтанӣ ва афзунии ҳунар
Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар модом бесуд бошад чун мугелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунаду на ғайри худро. Ва мардуми басабаб ва асил агарчӣ беҳунар бувад аз рӯи аслу насаб аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад ва бадтар он бувад, ки на гавҳар дораду на ҳунар. Аммо ҷаҳд кун, ки агарчӣ асилу гавҳари бошӣ, гавҳари тан низ дорӣ, ки гавҳари тан аз гавҳари асл беҳтар.....
Агар мардумро бо гавҳари асл гавҳари ҳунар набошад, сӯҳбати ҳеҷ касро ба кор наёяд ва дар ҳар кӣ ин ду гавҳар ёбӣ, ҷанг дар вай зан ва аз даст магузор, ки вай ҳама касро ба кор ояд.
Ва бидон, ки аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст...
Аммо сухан мапурсида магӯй ва то нахоҳанд касро насиҳат макун ва панд мадеҳ, хоса он касро, ки панд нашунавад....
Аммо некӣ ва сазовори некӣ дареғ мадор ва некомӯз бош... Ва ба некӣ кардан пушаймон мабош, ки ҷазои нек ва бад ҳам дар ин ҷаҳон ба ту расад, пеш аз он ки ба ҷои дигар равӣ....
Пас, то битавонӣ аз некӣ кардан маёсой ва худро ба некӯкорӣ ба мардумон намой ва чун намудӣ ба хилофи намуда мабош ва ба забон дигар магӯй ва ба дил дигар мадор, то гандумнамои ҷавфурӯш набошӣ. Ва андар ҳама корҳо дод аз худ бидеҳ, ки ҳар кӣ дод аз хештан бидиҳад аз довар мустағнӣ бошад....
Ва аз ҳунари худ ғарра машав... Ҳунар омӯз ва аз омӯхтану сухани нек шунидан нанг мадор, то аз нанг раста бошӣ. Ва нек бингар ба некӯ бад ва айбу ҳунари мардумон ва бишинос, ки нафъу зарари эшон ва суду зиёни эшон аз чист ва то куҷост...
Суқрот гуфт, ки ҳеҷ ганче беҳ аз ҳунар нест ва ҳеҷ душман батар аз хӯи бад нест ва ҳеҷ чизе бузургортар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест.
Ва дигар тундию тезӣ одат макун ва аз ҳилм холӣ мабош, валекин якбора чунон нарм мабош, ки аз хушиву нармӣ бихӯрандат. Ва чунон дурушт мабош, ки ҳаргизат ба даст бинасавоканд ва бо ҳама гурӯҳ мувофиқ бош, ки бо мувофиқат аз дӯст ва душман мурод ҳосил тавон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё