Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС
(1020 - 1099)
Унсурулмаолии Кайковуе доимо кӯшиш ба ҳарҷ медоданд, ки бо роҳи таълиф намудани асарҳои бузурги панду насиҳат мардумро ба ахлоқи некӯ, донишазбаркунӣ ва рафтору кирдори нек ҳидоят намоянд. Ӯ яке аз беҳтарини донишмандони тоҷик мебошад, ки дар таърихи миллатамон бо асари машҳури худ, «Насиҳатнома» мақоми хосаеро касб кардааст. Ин асари бузург аз 44 боб иборат буда, мавзӯъҳои гуногуни ахлоқиро дар бар мегирад. Асари мазкурро донишманди бузург ба писараш Гелоншоҳ бахшидааст ва кӯшиш ба он додааст, ки тамоми мавзӯъҳои панду ахлоқӣ ва хираду хирадмандиро дар он пурра дард созад. Мо дар ин қисмат хонандаи азиз, барои Шумо, аз бобҳои гуногуни ин асар дар шакли мушаххас ҳамчун гулчин пешкаш менамоем.
НАСИҲАТНОМА 1
Андар шинохтани ҳаққи падар ва модар.
Бидон, эй писар, ки.... аз мӯҷиби хирад бар фарзанд воҷиб аст сабаби будани худро ҳурмат доштан ва тафаккуд кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. То нагӯй, ки падару модарро ба ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд, на мақсуд ман будам...
...Нигар, эй писар, ки ранҷи падару модар нахоҳӣ ва хор надорӣ... Ҳаққи падару модар агар аз рӯи дин нанигарӣ, аз рӯи хирад ва мардумӣ бинигар....
Ва нигар аз рӯи мерос марги падару модар нахоҳӣ, бе марги модару падар он чӣ рӯзии туст, ба ту расад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё