Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳеҷ касро бадӣ маёмуз, ки бад омӯхтан дуввуми бадӣ кардан аст.
ПАС агар дар оина нигарӣ ва рӯи хеш зишт бинӣ ҳам, чунон бояд, ки некӯӣ кунӣ....

Андар ёд кардани пандҳои Нӯшервони Одил

Аввал гуфт: «То рӯзу шаб оянда аст ва раванда, аз гардиши ҳолҳо шигифт мадор».

Ва гуфт: «Мардумон чаро аз коре пушаймонӣ хӯранд, ки якбор аз он пушаймонӣ хӯрда бошанд?»

Гуфт: «Чаро эмин хуспад касе, ки ошнои подшоҳ бошад?».

Гуфт: «Чаро зинда шуморад касе худро, ки зиндагонии ӯ на бар муроди ӯ бувад?»

Гуфт: «Ҳар ки туро зишт гӯяд маъзуртар аз он касе дон, ки он зишт ба ту расонад».

Гуфт: «Ҳар чанд касе доно бувад, ки подоши варо хирад набувад, он дониш бар вай увол бувад».

Гуфт: «Ҳама чиз аз нодон нигоҳ доштан осонтар аз он бувад, ки аз тани хеш нодонро».

Дигар гуфт: «Агар хоҳӣ ки мардумон туро некугӯй гӯянд, некугӯи мардумон бош».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки камдӯст набошӣ, кина мадор».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки беандоза андӯҳгин мабошӣ, ҳасуд мабош».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки бар қафои ту наханданд, зердастонро гиромӣ дор».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки қадри ту ба ҷой бошад, қадри мардумон ба некӣ бишнос».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ ки, зирак бошӣ, рӯи хеш дар оинаи касон бин».

Охир гуфт: «Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумурад».

Охир гуфт: «Агарчи ҳақ талх бошад, бибояд шунид».

Охир гуфт: «Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, ба дӯст магӯй».

Охир гуфт: «Хурднигариши бузургзабон мабош».

пешина
аз 566
навбатӣ