Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

бошад ва вилоятҳо надида бошад ва дар корҳо набуда. Аз ин маъни гуфтаанд, ки «таъбир ба доноёну пирон ва ҷаҳондидагон бояд кард»

Ва низ якеро хотир тезтар бошад ва дар корҳо зуд тавонад дид ва яке кундфаҳм бошад. Ва доноён гуфтаанд, ки «тадбири яктана чун зӯри якмарда бошад, тадбири дутана чун зӯри думарда бошад ва тадбири даҳтана чун зӯри даҳ мард ва ҳар чӣ бештар - қавитар»

Ва нерӯи як мард аз ду мард камтар бошад ва ҳамчунин тадбири даҳ кас қавитар аз тадбири се кас бошад.

Пас, чунон воҷиб кунанд, ки чун подшоҳ коре хоҳад кард ё муҳиме ӯро пеш ояд, бо мирону ҳавохоҳон ва авлиёи давлати хеш машварат бояд кард, то раъйи подшоҳ дида бо раъйи ҳар муқобила кунанд ва ҳар яке чун раъйу гуфтори якдигар шунаванд ва барандозанд, раъйи савоб аз миён падидор ояд ва тадбири савоб он бошад, ки ақлҳои ҳамгинон бад - он муттафиқ шавад, ки чунин бояд кардан.

Ва машварат нокардан дар корҳо аз заифии раъй бошад ва чунин касеро «худком» хонанд ва чунон, ки ҳеҷ кор бе мардум натавон кард, ҳамчунин ҳеҷ шуғле бе машварат некӯ н-ояд.

Андар шитоб накардан дар корҳои подшоҳӣ

Андар корҳо шитобзадагӣ набояд кардан ва чун хабаре шунаванд ё сурате бандад андар он оҳистагӣ кор бояд фармуд, то ҳақиқати он падид ояд ва дурӯғ аз рост пайдо гардад, ки «шитобзадагӣ кори заифон аст на кори қодирон». Ва чун ду хасм пеш оянд ва бо якдигар сухан гӯянд, бояд, ки мар эшонро маълум набошад, ки майли подшоҳ ба кадом ҷониб аст, ки пас Худованди ҳақ тарсон бошад ва сухан натавон гуфт ва худованди ботил далер гардад ва дурӯғ гӯяд. Фармони Ҳақтаоло дар «Фурқон» чунон аст, ки агар касе чизе гӯяд, то он вақт, ки ҳақиқат маълум накунед, ҳеҷ нагӯед.... «Шитоб набояд намудан дар корҳо, ки он гоҳ, ки пушаймон шаванд, суд надорад».

пешина
аз 566
навбатӣ