Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Баҳром ғуломеро азони хештан фурӯ кашид, бубаст, чӯб бизадаш. Парвиз хашм гирифт, гуфт: - Баҳромро ҳозир кунед.

Чун Баҳром биёмад, бифармуд, то аз силоҳхона теғе панҷсад биёваранд. Гуфт: - Эй Баҳром, ҳар чӣ аз ин теғҳо некӯтар аст, ҷудо кун.

Баҳром ҳамегузид, то теғе саду панҷоҳ бигузид.

Гуфт: - Он чӣ хиёр турост аз ин гузидаҳо берун кун.

Пас, Баҳром аз ин гузидаҳо ду теғ ҷудо кард. Парвиз гуфт: - Акнун бифармой, то ин ду теғро дар як ниём бисозанд.

Пас, Баҳром гуфт: - Эй малик, ду теғ дар як ниём некӯ наояд.

Парвиз гуфт: - Ду фармондеҳ дар як шаҳр некӣ набошад.

Баҳром буни бунон дид, дар вақт бидонист, ки ӯ хато кардааст.

Парвиз гуфт: - Агар на он астӣ, ки туро бар ман ҳаққи хизмат бисёр аст ва бардоштани хешро намехоҳам, ва бияфканам ва илло аз ту дар нагузаштаме. Ин корро даст боздор, ки Худои таоло моро ба замин довар кардааст, на туро. Ҳар киро доварӣ бошад, ҳоли он барои мо барбояд дошт, то он чӣ воҷиб кунад, дар он боб ба ростӣ бифармоем ва агар баъд аз ин зердастею дирҳамхаридаеро гуноҳе падид ояд, таъдиб фармоем, то ҳеҷ касро ба новоҷиб ранҷе нарасад. Ин бор авф кардем.......

Андар мушоварат кардани подшоҳон ба доноёну пирон1

Мушоварат кардан дар корҳо аз қавираъйии мард бошад ва тамом ақлӣ ва биниш, ки ҳар касеро донише бошад ва ҳар касе чизе донад, яке бештару яке камтар. Ва яке донише дорад ва ҳаргиз кор набастаасту наозмуда ва яке ҳамон дониш дораду корбаста аст ва озмуда, масали он чунон бошад, ки яке илоҷи дардеву иллате дар китоб хонда бошад ва номи он ҳамадоруҳо донаду бас. Ва боз яке ҳамондоруҳо донаду муолиҷати он карда бошад ва борҳо таҷрибат карда. Ҳаргиз ин кас ба он рост набошад. Ҳамчунин яке бошад, ки сафарҳои бисёр карда бошад, ҷаҳон бештар дида сарду гарм бештар чашида ва дар миёни корҳо буда, ба он касе баробар натавон кард, ин касро, ки ҳаргиз сафар накарда

пешина
аз 566
навбатӣ