Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

боҳалал бошад, намози қавм низ боҳалал бошад. Ва ҳамчунин дар ҳар шаҳре муҳтасибе бояд гузошт, ки олиму донотар бувад, то тарозуҳою нархҳо рост дорад ва хариду фурӯхтҳо донад, то андар он ростӣ равад. Ва ҳар матое, ки аз атроф оранд, дар бозор фурӯшанд ва эҳтиёти тамом кунад, то хиёнате накунанд. Ва сангҳо рост доранд ва амри маъруф ва наҳи мункар ба пой доранд, ки яке аз қоидаи мамлакатдорӣ ва қоидаи диндорӣ ин аст. Ва агар ҷуз ин кунад, дарвеш дар ранҷ афтад ва мардумони бозорҳо, чунон, ки хоҳанд, харанду фурӯшанд ва фисқ ошкоро шавад ва кори шариат беравнақу бенизом шавад. Ва ҳамеша ин кор ба яке аз ховосс фармуданд, то ходиме ва тоҷику туркро ҳеҷ муҷобо накардӣ ва хосу ом аз ӯ битарсиданд, то ҳама корҳо бар инсоф ва қавоиди ислом маҳкам будӣ ...

Андар таъзим додани фармони олӣ ва амсила, ки аз даргоҳ фиристанд.1

Номаҳо аз даргоҳҳо бисёр нависанд ва ҳар чӣ бисёр гардад, ҳурматаш набувад. Бояд ки то муҳимме набувад, аз маҷлиси олӣ чизе нанависанд. Бояд, ки ҳурматаш он чунон бувад, ки касро заҳраи он набошад, ки аз даст бидиҳад, то фарри молро пеш набарад ва агар маълум гардад, ки касеро дар он фармон ба чашми ҳақорат нигаристасту андар пеш шудан ба самъи тоат коҳилӣ кардааст, он касро молиши болиғ диҳанд, агар чи амри ӯро мунқод ва фармони ӯро мӯтеъ бошад.

ҲИКОЯТ

Чунин гӯянд, ки Парвиз Баҳроми Чӯбинро дар ибтидо некӯ медошт, чунон ки як соат бе ӯ набудӣ ва дар шаробу шикор ва хилват аз хештан ҷудо надоштӣ ва ин Баҳром савори ягона буд ва муборизу беҳамто. Магар рӯзе малик Парвизро умоли хири сесад шутури сурхмӯй оварданд ва ба ҳар як хирворе аз ҳавоиҷ ва дигар матоъ. Бифармуд то ҳамчунон барои Баҳроми Чӯбин баранд, то ӯро дар матбах фароғе бувад. Дигар рӯз Парвизро хабар оварданд, ки дӯш

1 Ҳамон ҷо, с. 62-66

пешина
аз 566
навбатӣ