Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

идоравӣ муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки миллати тоҷик ҳанӯз дар ҳамон замон бо зинаи олии хеш расонида буданд.

Донишмандонро парастиш намудан, ҷалби бевоситаи онҳо дар роҳбарӣ обрӯю эътибори Ҳаҳоманиширо дар таърих ба ҷои аввал гузошта, ҳамчун беҳтарин давлатдорӣ дар ҷаҳон пазируфта шудааст.

Файласуфи бузурги Юнон Афлотун дар китоби «Қонунин»-и хеш менависад: «Куруш сардори бузург ва дӯсти олиқадр барои меҳани худ буд. Дар замони ӯ эрониён фармонравоии милали бисёр шудаанд. Вай ба ҳаман ин мардум ҳуқуқи озодӣ бахшида, ба тавре, ки дилҳои ҳама бад - ӯ наздик шуд».
Аксар олимони дигари ҷаҳон Курушро ҳамчун роҳбари нобиғаи комил, дӯсти инсоният, қавиирода, толиби ҳикмати воло, ростқавлу поксиришт муаррифӣ намуда, дар таърих ӯро ҳамчун падари подшоҳони ҷаҳон хондаанд.

Хислати беназири шоҳони Ҳаҳоманишӣ, бахусус Куруши Кабир ин ҷорӣ намудани маданияти баланди заминдорӣ ва зироатчигӣ мебошд. Масалан, агар шахсе ки замини беҳосилро бо воситаи обёрӣ обод мекард, то панҷ насли ояндааш ин замин ба ӯ бахшида мешуд. Зироатеро бояд кишт мекарданд, ки ҳосили хеле баланд дошта, ба замин таъсири манфӣ намерасонид ва фоидаи зиёд дода, пеш аз ҳама талаботи мардумро қонеъ мегардонид. Дар он замон, махсусан, шоликорӣ, арзанпарварӣ, зироатҳои атриётӣ, доруворӣ, ангурпарварию гулпарварӣ ва боғдорӣ ривоҷ ёфта буд.

Дар идораи давлатӣ ва ташкили чопхонаҳо дар ин давр диққати махсус дода шуда, вазоратхонаҳо ташкил дода, тавассути аспу ароба номаҳо, молу матоъ ба дигар минтақаҳо тез бурда расонида мешуд. Албатта, тадбири муҳими роҳбарии давлатдорӣ ин сохтани роҳҳо ва кӯпрукҳо буданд, ки тавассути онҳо муомилоти тиҷорат хеле инкишоф ёфт. Аз ҳамон замон сар карда, Эронзамин ҳамчун маркази калони тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, саноати коркарди маъдан инкишоф ёфта, пулҳои металӣ аз тилло, мис, нуқра ва дигар маъданҳои қимматбаҳо тайёр карда мешуд, ки дар онҳо ҳар гуна расмҳо ва суратҳои ба ҳамон минтақа хосу қабули мардум сиккагузорӣ шуда, доду гирифт бо воситаи пули нақд сурат мегирифт. Бонкҳои хусусӣ ва давлатӣ пайдо шуданд, ки онҳо ба мизоҷони худ вексел — эътиборнома медоданд.1

1 Р. Гришман, В. Минорский и др. Персия — бессмертное царство. Лондон, 1971. — с. 60.

пешина
аз 566
навбатӣ