Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар навиштаҷоти таърихии Миср омадааст, ки канали Суэц низ ҳанӯз дар замони подшоҳии Дориюшоҳ канда шуда будааст. Аз он ҷумла, қайд шудааст, ки: «Ман порсиям ва бо ҳамроҳии порсиён Мисрро гирифтам, амр кардам, ки каналро бикананд, аз рӯди Нил, ки дар Миср ҷорӣ аст, то дарё, ки аз Порс бад - он раванд. Ин турба канда шуд чуноне, ки фармон додам ва киштиҳо аз Миср ба василаи ин канал ба сӯи Порс равона шуданд, чунон, ки иродаи ман буд».1
Дар ин давра истихроҷи нефт шурӯъ шуда, моеи нефтро бо роҳи механикӣ ҷорӣ намуда, дар рӯзгор истифода менамуданд. Кандани корезҳои калон бо мақсади обёрӣ низ авҷ гирифта дар ҳудуди Суғд ва Хоразм иншоотҳои калони обӣ пайдо мегарданд, ки тавассути онҳо заминҳои зиёде обёрӣ карда мешуд.
Мисолҳои дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки пешравии беандозаи ориёӣ дар замони Ҳахоманишӣ пурра дар он зоҳир мегардад, ки тамоми иқтидори зеҳнию ақлонӣ ва ҷисмонии мамлакат барои ободонӣ ва шукуфоӣ нигаронида шуда, дар ҳаёти иқтисодӣ, экологӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикони ҳамон давра, дастоварди бемислу монанд буд ва баъдан онро юнониҳо ва дигар халқҳои ҷаҳон хеле моҳирона истифода бурда, ҳатто то солҳои наздик ба авлоду аҷдодони худ нисбат медоданд.
Охирин тадқиқоти бостоншиносон собит сохтаанд, ки ориёиёни аҳди Ҳахоманишӣ аз ҳар ҷиҳат мумтоз ва барҷаста будаанд, ки аксари халқҳо, аз он ҷумла, юнониҳо дар назди онҳо ҳақир ва нотавон монда будаанд.
Чуноне ки Сайнд Бурҳониддини Бузургмеҳр дар китоби худ бо унвони «Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми Аъзам» қайд мекунад: «Таърихи башарият худ гувоҳи барҳақу раддонапазир ва бурҳони қотеъест бар ин нуқта, ки порсиён (форсиён) хидмати арзандаву шоиста ба сомон расонидаанд ва фурӯзонии машъали ҷовидони маърифат, дар рӯи Замин ва нахустин шуда аз насли Одаму Ҳаво - нажоди Ориёӣ дарк ва эҳсос кардаанд, ки донишу маърифат, ки ҳамон нури пурзиёи эзидист, ки маҳз тавассути он тавон дунёро ва Офаридгорро шинохт. Ва маҳз тавассути он метавон ҷаҳони торику пурфавғо ва пуршӯру шари инсонҳои хокиро мунаввар сохт». 2
__________________ 1 Р.Гришман, В.Минорский и др. Персия - бессмертное царства. Лондон, 1971. с.6.
2 Сайнд Бӯрҳонидини Бузургмеҳр. Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми аъзам - 2000.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё