Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
қарор дода, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар ин тарозу нуқсоне пайдо нашавад, вагарна мулк вайрон мегардад. Ҳатто агар давлате ё кишвареро тобеи худ месохтанд, мардумро аз зулму ситам озод намуда, дар парастиши Худо ихтиёрро ба худи онҳо медоданд, чуноне ки Куруши Кабир подшоҳ Сулаймонро аз сари мардуми яҳуд дур сохт ва ба онҳо озодӣ дод то ватани худро обод созанд. Чунин як фазилати нек ва усулҳои хирадмандии роҳбарии оини Зардуштӣ буд, ки ба Ҳаҳоманишиҳо имкон дод, ки дар таърихи дунёи қадим давлати бузурги ҷаҳониро барпо созанд, ки он аз 23 мамлакат ва 49 қавмиятҳои мухталиф аз қабили Бобул, Ассурия, Миср, Рум ва Ҳинд шомил буданд ва ҳокимони ин давлати абадқудрати ҷаҳон бо ҳама халқҳо ва қавмҳои давлати худ муомилан дӯстона ва бародарона доштанд.1
«Эъломномаи ҳуқуқи башар»-ро низ аввалин шуда Куруши Кабир эҷод кард, ки дар он озодии дин, мазҳаб, ҳаққи меҳнат додан ба одамон, зулму ситамро раво надидан ва зиёне ба ҳуқуқу молу мулки дигаре нарасонидан хеле хуб дарҷ гардидааст. Хирадмандӣ, инсондӯстию инсонпарварии зардуштӣ ва эъломияи Куруши Кабир имкон дод, ки одамон ба ин таълимот як таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, онро ҳамеша риоя намоянд. Аз ин ҷост, кулли мардуми Юнон низ аз ин ганҷинаи бебаҳо истифода намуда, баъдан хеле инкишоф меёбанд.
Илова бар ин, дар хиради таълимоти Зардуштӣ доимо пайвастагии се захираи бузурги иқтисодӣ «инсоният - табиат - ҷамъият» боиси омӯзиш қарор дошт ва таъкид мешуд, ки истифодаи хирадмандонаи ин се омил боиси шукуфӣ ва рӯҳафзоии инсоният аст.
Оиди роҳбарон бошад, доимо таъкид карда мешуд, ки онҳо бояд парҳезкор, додрас ва меҳрубон бошанд. Шаҳсеро ки сарвар - пешво эълон мекарданд, вай бояд кафолат медод, ки аввалан сулҳу салоҳ, назму низом, адолату адолатпарастӣ, ростию ростқавлӣ, баробарию бародарӣ ва хӯшию хурсандиро дар миёни райияте ки роҳбар аст, ҷорӣ месозад. Дар навбати худ райият қавл медоданд, ки ба чунин роҳбар итоат ва ӯро ҳурмату эҳтиром менамоянд.
Маҳз унсурҳо ва қоидаҳои демократии роҳбар аз ҳамон давра сарчашма мегиранд, яъне мардумпарастӣ, донишмандпарастӣ дар роҳбарӣ ва мустақилияти
1 Х. Назаров. Нақши эрониён - тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон. Душанбе, 2005. - саҳ. 44

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё