Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

озодӣ ва ихтиёрдории инсонҳо дар роҳи инкишофи хеш аст, ки онҳо фақат бо роҳи ягонаи ростӣ ва дурустӣ метавонанд ноил гарданд.

Ибораи дигар он аст, ки агар фикри одам нек ва пок бошад, албатта, гуфтору кирдори он низ хуб мебарояд. Маҳз ҳамин нуқта барои хиради роҳбарӣ дар менеҷмент бузургтарин таълимоте мебошад, ки дигар ҳамаи рафторҳои роҳбарӣ бояд аз ин сарчашма гиранд. Яъне хубу бад, зебоӣ ва зиштӣ, тафаккур ва андешаи ҳар як фард аз вуҷуди ӯ сарчашма гирифта, дар гуфтору рафтори ӯ муайян мегардад. Аз ин ҷост, ки агар ҷаҳониён аз рӯи хираду андешаи нек ва рафторҳои поки инсонӣ амал намуда, чун дӯсту бародар умр ба сар баранд, Худо хоҳад, мо метавонем, ки шароити биҳиштро дар рӯи Замини муқаддас барпо созем. Ин орзӯю ҳаваси ҳар як фарди ориёинажод ва махсусан, мо тоҷикон мебошад.

Оиди саҳми бузурги Зардушт дар таълимоти хираду хирадмандӣ рафтори олии инсонӣ аксари донишмандони дунё суханҳои зиёде гуфтаанд. Дар ин маврид, аз ҷумла, адиб ва мутафаккири бузурги Ҳинд Робиндранат Такур менависад:

«Зардушт - бузургтарин пайғомбаре аст, ки дар оғози таърихи башарият зуҳур намуда ва ба василаи фалсафаи хеш инсонро аз бори сангини маросими зоҳирӣ озод сохтааст. Ӯ бо камоли ҷиддият дар барандохтани ин хурофот кӯшида ва асоси мазҳаби худро ба таълими ахлоқӣ ниҳодааст. Зардушт ҳақиқатеро ошкор сохт, ки дорои баландтарин дараҷаи фалсафӣ ва ахлоқӣ аст ва дар айни ҳол бо нуре аз соддагӣ ҷолиби таваҷҷӯҳи дурахшон аст».1

Таълимоти зардуштӣ маҳз дар замони давлатдории аҳди Ҳаҳоманишиҳо (560-330), салтанати Куруши Кабир ва Доро хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Аз навиштаҷоти кӯҳи «Бесутун» маълум гардидааст, ки Куруши Кабир хиёнаткорию аҳдшиканӣ, дурӯғӯнию фирегарӣ, ситамкорию бедолатиро сахт маҳкум намуда, иродаи мустаҳками худро оид ба ростию ростқавлӣ ва бедолатӣ накардан нисбати бевазане ё худ ятиме иброз медорад. Дар рафтору гуфтори хеш он чизеро, ки ба худ раво намедиданд, ба дигарон низ муносиб намедонистанд.

Фаризаи муҳими подшоҳони Ҳаҳоманишӣ адолатхоҳӣ, инсондӯстию инсонпарастӣ буда, адолати шоҳро ҳамчун тарозуи ташхиси тамоми фаъолиятҳо

пешина
аз 566
навбатӣ