Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бад-ин ошкорат бубин ошкор,
Ниҳонетро бар ниҳони гумор.
х х х х х
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад - он чашм, к - андар ӯ бингай,
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,
Киштие соз, то бад - он гузарӣ.

Ҳамин тариқ, баландии ҳикмати шоир, шеъру суруди бофазилати ӯ ва донишмандию хирадмандиашро аксари шоирони замонаш ва пасин пазируфта, аз ҷумла шоири асри XI Рашиди Самарқандӣ дар ҳаққи устод фармудааст.
Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
(934 - 1020)

Дар тӯли 35-соли пурбаракати ҳаёташ Фирдавсӣ «Шоҳнома» - ро офарид, ки дар таърихи фарҳангии башар ҳамчун шоҳкориҳои адабии ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Дар ин ҷо мо аз баррасии пурраи осори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ худдорӣ намуда, танҳо оид ба муҳимтарин мавзӯъҳое, ки масъалаи ахлоқ ва хиради роҳбариро доро мебошанд, сухан мегӯем.

Оид ба масъалаҳои хираду хирадмандӣ талқини одоби ҳамида, ватандӯстӣ, дӯстию рафоқат, некию накӯкорӣ ва амсоли он, ҳанӯз аз замонҳои пайдоиши «Шоҳнома», то имрӯз олимони зиёди дунё андешаронӣ менамоянд. Аз ҷумла Саъдии Шерозӣ мефармояд:
Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод,
Ки раҳмат ба он турбати пок бод.
«Маёзор муре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст»

Қобили зикр аст, ки таҳлили ғояҳои ахлоқӣ ва хирадномавии асари мазкур то ба Аврупою Амрико расидааст. Дар ин маврид аз ҷумла донишманди маъруфи фаронсавӣ Сент - Бёв менависад: «Дар саросари шоҳасари Фирдавсӣ

пешина
аз 566
навбатӣ