Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хулосаи калом, сухан, шеър ҳосили умр аст ё ба таъбири дигар, шеър офаридан ба қадри сарфи ҷон баробарӣ дорад ва баҳри ҷон офаридани он василаи абадият аст. Шеър чизе сирф хусусист, на ҳосили талаби ҷамъият ва ситоишу накўҳиши он, чунонки тибқи қоида дар он замон мешинохтанд. Дар ҷаҳони обу гил танҳо сухан ё шеър ҷавон мемонад ва таманнои шоир ин аст, ки шеър дили торикро, ақли тираро равшан мекунад, сарбаландӣ аз ҳиммати мардони баландназару ҳунар бошад, дидбонгоҳи замини шеърпарвар дидгоҳи шоирӣ гардад ва дўстдори «ин замин»
бо ҳама мавҷудоташ гардад. Аз ин мавқеи назар шеъри шоир такмили рўҳияҳо, ҳиммати инсонӣ, дўстдории замини шеърпарвари халқи худ аст. Дар маркази андеша ва ҷунбиши қалбии Лоиқ саъйи одамӣ ва меҳру садоқат гузошта шудааст, ғарази холиси мафкуравӣ дар ин суханон ҳузур надорад.
Ба ҳамин равиш монанд суҳбатро дар мавзўи шахсияти Мирзо Турсунзода ва эҷодиёти ў низ гузаронидан мумкин аст. Агар мавзўъ бевосита достони «Чароғи абадӣ» бошад, метавон дар боби заминаҳои таърихии мулоқотҳои Турсунзода бо Айнӣ суҳбат кард, ки барои дарки моҳияти достон хеле арзишманд аст.
Ҳикоя ин на фақат муколамаи омўзгор аст, балки он ифодагарӣ талаботи омўзишу парвариш нисбат ба муомила бо хонандагон мебошад. Омўзгор то надонад, ки сухани ў ба хонандагон асар кардааст ё не, хонандагон фикри ўро фаҳмидаанд ё не, дарсро гузаронида наметавонад.
Ҳамин гуна унсурҳои гуфтугўи хонандагон бо омўзгор ба миён меояд, баёни ў нисбатан ба фаҳми онҳо наздик мешавад, тарзи иштироки хонандагон ба дарс дигаргун мешавад. Ин фазилатҳо дар суҳбати муфассале, ки миёни омўзгору хонандагон баргузор мешавад, нисбатан пурра ошкор мешавад ва имкон медиҳад, ки дар бораи сифати тозаи азхудкунии маводи адабӣ сухан гўем.
Бо истифодаи чунин усули таълими адабиёт омўзгор кўшиш мекунад суолҳои лозима диҳад, дар вақти муҳокимаи онҳо маълумоти тоза дода, хонандагонро барои ҷавоб гуфтан таҳрик кунад, бо арзёбии дониши хонандагон, натиҷагирии дониш ва таҷрибаи зебоишинохтии онҳо дар ҷараёни фаъолияти якҷоя тақвият бахшад.

пешина
аз 344
навбатӣ