Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, шавқу ҳавас нисбат ба фанни адабиёт зиёд мешавад, фаъолиятмандии хонандагон меафзояд.
Суҳбат ҳамчун равиши таълими омўзиши адабиёт дар ҷараёни омўзиш ҳадафҳои гуногун дорад. Вай дониши хонандагонро зиёд карда, онро ба низом медарорад, дар бораи аввалин матни хондашуда андеша ба вуҷуд меоварад, шояд муқаддимаи таҳлили асар бошад, усули кор бо аввалин маълумот аст. Омўзгор бояд ҳунари саволгузорӣ дошта бошад, то ки хонандагон ўро дақиқ фаҳманд ва ба саволи ў мухтасар ва пурмазмун посух дода тавонанд.
Дар равишшиносии имрўз намуди суолҳо ва супоришҳо барои истифода дар дарс тақрибан муайян шудааст. Суолҳо бояд барои дарки амиқи мазмуни матни асари бадеӣ ёрӣ расонида, хонандагонро водор кунанд, ки мустақилона натиҷагирӣ кунанд, мавзўъро муҳокима намоянд, вобаста ба фаъолияти адиб, шахсият ва сарнавишти ў суолҳо гузоранд.
Суолҳо дар ҷараёни таълими адабиёти тоҷик аҳамияти бузург доранд. Ба хусус, суолҳое, ки масъалаҳои забон ва сабки асар, воситаҳои тасвири бадеӣ ва ғайраро ба миён мегузоранд. Намуди дигари суолҳо метавонанд ба масъалаҳои иҷтимоию зебоишинохтии асари бадеӣ, ошкор сохтани алоқаи намудҳои гуногуни санъат дахл кунанд.
Суолҳои шавқангезро метавон дар корҳои беруназсинфӣ, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои адабию ҳунарӣ, нишастҳо, мусобиқаҳо, маҳзарҳо ва ғайра истифода кард.
Хусусияти хоси фаъолият ва дараҷаи омодагии хонандагонро ба эътибор гирифта, омўзгор метавонад ин суолҳоро ҳангоми суҳбат низ истифода барад.
Хонандагон ба суолҳои омўзгор посух гуфта, матнҳои ба онҳо маълумро муқоиса мекунанд, санадҳои таърихию адабӣ ва тарҷумаҳолиро ошкор намуда, донишашонро такмил мебахшанд.

пешина
аз 344
навбатӣ