МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамсуруди нағмаҳои обшорон будаам,
Рў ба рў бо кўҳ мегўям на аз кўҳи баланд,
Сарбаланд аз ҳиммати озодмардон будаам.
Аз баландиҳои олию маҷозии башар,
Орзуи ман набуда ҳеҷ баландии назар.
Кўҳ бе мо ҳам баланд аст, эй бародар, лоф бас!
Фахр кун, гар мекунӣ, ту аз баландии ҳунар…
Дар замони шеърпарварде, ки дилхоҳи ман аст,
Дар заминҳои ҳама рўи замин роҳи ман аст.
Ин заминро ман нигоҳбонӣ кунам аз қасди бад,
Дидгоҳи шоириам дидбонгоҳи ман аст!
Ин заминро дўст дорам, бо ҳама мавҷудҳош,
Бо ҳама армону дардаш, бо ҳама мақсудҳош,
Ин заминро дўст дорам, то ба рўяш зиндаам,
Баски ҳастам чанд рўз аз ҷумлаи масъудҳош.
Маънии ҷовидонагии шоир ва шеъри ўро омўзгор тақвият мебахшад. Дар ин замина метавонад аз мақолаи Х.
Шарифов «Инсон дар марзҳои шеъру шоирӣ» (ниг. Х.
Шарифов. Сухан аз адабиёти миллӣ. Душанбе, 2009, саҳ.362- 371) истифода кунад.
-Ин шеър, нақл мекунад омўзгор,- ба ҳама гуфтанию даъвоҳо дар зери таассуроти фардӣ ва хоҳишҳои шоир суруда шудааст. Ифшои розҳо ва хоҳишҳои шоирӣ гўё ангезанда ва василаи таҳрики андешаи шоир будаанд.
Шоирони асрҳои миёна дар маънии худогоҳӣ ва фахр аз ҳунари худ суханҳо зиёд гуфтаанд. Аз ин гуна суханон услуби шоиронро муайян кардан мумкин аст. Дар шеъри шоирони ҷавони имрўза чунин муносибат маънои худнамоӣ ва худогоҳӣ ҳам гирифтааст. Назари Лоиқ ба шеъри худ ва умуман шеър аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мавқеи эҷодии ҳамзамонони ин насл ва худи ўро равшан мекунад. Шеър пардохтан баҳри ҳимояти некӣ бар рағми бадӣ (Ҳурмузу Аҳриман) ва ба хотири зиндагист ва баҳри давоми умр бо шеъру сухан, балки ҷавонии сухан дар ин ҷаҳони пир бо фидои умри серўза ҳосил мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё