Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суол ба қадри кофӣ андешида нашуда буд, умқи масъаларо фаро намегирифт, шавқи донистани хонандагонро бедор накард.
Омўзгор ҳамин хусусияти таълимро дар ҷалби хонандагон, раҳнамоиаш барои фаъол сохтани онҳо бояд ҳамеша дар назар гирад.
Асли усули дастрасии таълим аз бисёр ҷиҳат фароянди омўзишро муайян мекунад. Омўзгор бояд синну сол ва имконияти ақлонии хонандагон ва дараҷаи омодагии онҳоро ба эътибор гирад. Интихоби матни бадеӣ, мундариҷаи умумии таълими он, маълумоти назарӣ, санадҳо дар бораи зиндагиномаи адиб ва ғайра дар барномаи таълимӣ гуногунранг буда, ба он нигаронида шудааст, ки ба ҳар як хонанда дастрас ва фаҳмо бошад. Дар ин равиш паҳлўи таъсири ҳиссии матни бадеӣ низ ба назар гирифта шудааст.
Ба хонанда шояд мантиқи сужет фаҳмо бошад, вале маънӣ ва эҳсоси шахсият нофаҳмо ва дилгир аст. Масъалае, ки муаллимро ба андеша бурдааст, низ равшан нест. Вазифаи омўзгор аз он иборат аст, ки хонандагонро ба дарки ин мавзўъ ва ҳамдардӣ таҳрик намояд.
Усули дастрасӣ аз омўзгор тақозо мекунад, ки имконияти воқеии хонандагонро дақиқан ба назар гирад. Аз ҷумла, чунин фазилатҳо, монанди омодагӣ ба хонданро, ки ба синну сол вобаста аст ва ҳатто, дар ин замина хонандагони як синф истеъдоди ҳамсон надоранд, наметавонад ба эътибор нагирад. Чизи дигари муҳим ин аст, ки ба умеди дастрас ва фаҳмо будани таълим корро билкул сода нагирад, тобеъи имконияти хонандагони сустхон ва камистеъдод нагардад. Маҳаки аслиро дар фарогирии синф, дастрасии таълим ва ба низом даровардани фаъолият дар ин самт риоя бояд кард. Хонандагони сустхонро бояд тадриҷан ба он омода кард, ки дар фаҳмидани мавзўъ, иҷрои супоришҳо ҳам пои ҳамдарсони фаъолашон қадам бардоранд.

пешина
аз 344
навбатӣ