Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асли аёният дар таълими адабиёт ин дарки вусъатноки алоқаи идроки ҳиссӣ ва мантиқӣ мебошад. Ҳисси бевоситаи дарки осори ҳунарӣ ва шаклҳои он намудҳои гуногуни аёниятро тақозо мекунад, ки пеш аз ҳама ба тақвияти дарки шунавоии сухан нигаронида шудааст.
Мактаб доимо бо маводи гуногуни таълимӣ ғанӣ мегардад. Инҳо филмҳои таълимӣ, пораҳои филмҳои бадеӣ аз рўи асари бадеӣ, ки ба барномаи мактаб дохил карда шудааст, маводҳои гуногун, маҷмўаи суратҳо, наворҳои гуногун ва сабти овоз (плёнкаи магнитӣ) ва ғайра мебошанд.
Барномаи таълимии адабиёт бояд ба аёният аҳамияти хос диҳад, зеро муваффақият ва босамарии дарс аз бисёр ҷиҳат ба истифодаи ҳадафманди аёният вобастагӣ дорад.
Асли пойдорӣ ва таъсирбахшии натиҷаҳои омўзишро аз таъсири адабиёт ба хонанда ҳам дар солҳои омўзишӣ ва ҳам дар тўли зиндагии баъдӣ, ҷустан лозим аст. Он чиро, ки омўзгор дар тафаккур ва дили хонанда ҷой карда тавонистааст, ҳофизаи вай тамоми умр ҳифз мекунад.
Маҷмўи қаҳрамонони романи Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ»-ро ба ёд оварда, дар ин миён мо номи Фирўзаро ҷудо мекунем. Чанд насли хонандагони мактабҳои мо ин ном ва фазилатҳои шахсияти Фирўзаро на фақат ҳифз кардаанд, балки хонаводаҳои зиёде номи қаҳрамони нависандаро барои фарзандонашон баргузидаанд. Фирўза ва сарнавишти пуршаъни ў дар ёди наслҳо боқӣ мондааст. Дар роҳи пойдорӣ ва таъсирбахшии ғояи ин роман ва шахсияти қаҳрамонони он ҳидмати мактаб, омўзгор ва китоби дарсӣ назаррас аст.
Валекин ҳофиза метавонад санадҳоро хунсардона ва беэътиноёна қабул кунад. Дар вақти арзёбии таълим ва тарбия дар дарси адабиёт дигар нишондиҳандаҳо муҳиманд; дараҷаи омодагии талаба ҳамчун хонанда, камолоти ғоявию ахлоқӣ ва зебошинохтӣ ва ташаккули завқи зебошинохти дар асоси меъёрҳои ҳунари эҷодӣ. Муносибати фаъолона ба ҳодисаҳои адабӣ, муҳокимаи боэътимод ва возеҳ ва арзёбии осори берун аз синф хондашуда, ёди нек ва миннатпазир дар бораи он ки эҷодиёти адиб дар мактаб чӣ гуна омўхта шуд ва ниҳоят дарки пайванди мустаҳками ҳунар, аз ҷумла адабиёт бо зиндагӣ.

пешина
аз 344
навбатӣ