Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мақоми раҳнамоии омўзгор дар фаъолияти ақлонӣ ва фаъоли хонандагон хоси маорифпарварони мо буда, мутаносибии алоқаи омўзгору талабаро таъйид мекунад.
Омўзгор дар назди хонандагон чун актёри танҳои театр баромад намекунад, балки вай коргардони моҳири намоишномаест, ки ҳеҷ вақт такрор намешавад. Мо медонем, ки одатан коргардони намоишномаро тамошобин намебинад.
Вале омўзгор ва мавқеияти он дар дарси адабиёт аз назари омўзишу парвариш дақиқан муайян аст. Хонандагон бояд ҳамеша мустақилияташонро дар ҳалли масъалаҳо, ҷустуҷўҳо, муҳокимаҳо, дарёфтҳо ва арзёбиҳо эҳсос кунанд.
Лексия дар синфҳои боло яке аз воситаҳои ба хонандагон нишон додани савияи фаъолияти омўзгор аст. Бинобар ин, мақоми омўзор дар дарси забон ва адабиёт бузург аст. Нақши омўзгор дар ин дарс чун раҳнамои маънавӣ ба назар меояд.
Ҳатто, агар фақат ҷойгоҳи ўро дар масъалаи забон ва сухангўӣ ба эътибор гирем ҳам, нақши омўзгор ба тарзи муассир, боварибахш ва фасеҳ сухан гуфтани ў арзиши бисёр ҳам бузург дорад. Меъёрҳои забони тоҷикӣ фақат дар сурати ҳамдигарфаҳмии комили омўзгору шогирдон риоя хоҳад шуд.
Ҳатто, дар суҳбат, ки яке аз шаклҳои кор буда, ба ҳамаи синфҳо хос аст, нақши раҳнамоии омўзгор ҳамон вақт самарабахш аст, ки ў камтар сухан гўяду хонандагон бештар шунаванд ва биандешанд.
Ҳамин тариқ, дар ташкили шаклҳои гуногуни фаъолияти ҳадафманди хонандагон ва муайян кардани хоҳиши воқеии ширкати таълимдиҳӣ омўзгор ҷойгоҳи хос дорад.
Масалан, барои исботи ин мушкилот як лаҳзаи дарсро месанҷем ва баҳогузорӣ мекунем. Баъди хониши матни бадеӣ хонда шуд, омўзгор ба хонандагон суол медиҳад ва ҳамаи хонандагон барои посух додан якбора даст боло мекунанд. Оё омўзгор дуруст амал кард? Равшан аст, ки вай иштибоҳ намуд. Ба аҳли синф суоли осон дод ва дар назари мо омўзгор раҳнамои асосӣ ва синф фаъол ҷилвагар шуд.

пешина
аз 344
навбатӣ