Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Гулкарамро дар паноҳгоҳҳои камбар ё худ танг парвариш мекунанд. Кўчатҳоро дар охири моҳи апрел ва ибтидои моҳи май ба миқдори 5-6 растанӣ дар 1 м3 мешинонанд. Ба ғундоштани ҳосил дар нимаи дуюми моҳи июн оғоз мекунанд.
Бодиринг. Аҳолии ҷумҳурӣ ба миқдори зиёд, чӣ дар шакли тару тоза ва чӣ дар шакли консервашуда, бодирингро истеъмол менамоянд. Мақсади фермерони ҷумҳурӣ аз таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар давоми тамоми сол иборат мебошад.
Бодиринг растании яксолаест аз оилаи кадугиҳо. Кишти вай дар ҷумҳурӣ пас аз карам ва помидор дар хоки кушод ҷои сеюмро ишғол менамояд. Бодиринг дар таркиби худ намакҳои минералии калсий, фосфор калий, оҳан, витаминҳои С, А, В ҳамчунин ферментҳо дошта, барои таъмини организм аз ин элементҳо лозим аст, ки ҳар рўза 250-300 г бодиринг истеъмол карда шавад.
Бодиринг ба гармӣ ва намӣ талаботи зиёд дошта, растании якпаллагӣ мебошад ва дар майдони алоҳида кишту парвариш карда мешавад. Барои рушду нумуи бодиринг намии нисбии ҳаво 90%, ҳарорати ҳаво 22-270С ва ҳарорати хок 25-300С ҳамчун шароити мусоид ба ҳисоб меравад. Ҳарорати мўътадили ҳаво барои сабзиши тухмии он 250С ба ҳисоб меравад. Ҳангоми паст рафтани ҳарорат то 10-120С рушди системаи решагию болоизаминии бодиринг қатъ мегардад ва дар мавриди хунукии 0-20С растаниҳо маҳв мегарданд.
Бодиринг растании тезрас буда, рушди шадиди он пас аз 25-
30 рўз, баъди зоҳир гаштани ниҳолчаҳои он ба амал меояд.
Самароварии он пас аз 40-50 рўз фаро расида ва 1,5-2 моҳ идома меёбад. Системаи решагии бодиринг асосан дар қабати болоии хок ҷой гирифта, аз ҳамин сабаб талаботи он ба ҳосилхезии хок ниҳоят зиёд аст. Дар мавриди ҳосилнокии растании сабзи он ба миқдори 364 с/га аз хок 100 кг азот 34-Р2О5; 168-К2О ва 135 кг/га САО гирифта мешавад. Дар ибтидои рушди растаниҳо ба таври шадид азот, фосфор ва дар давраи самароварӣ бошад, калий аз хок берун кашида мешавад.
Навъҳо. Маргелонии 822 – навъи миёнарас, расиши самари он 50-55 рўзро ташкил медиҳад, дар давоми 32-46 рўз самар медиҳад. Вазни миёнаи самари он 173-177 г–ро ташкил медиҳад.
Ҳисории 132 – навъи тезраси бодиринг буда, рушди шадиди он пас аз 45-50 рўз фаро мерасад, самаровариаш пас аз 30-40 рўз ба миён меояд, вазни самараш 15-120 г-ро ташкил медиҳад.

пешина
аз 164
навбатӣ