Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Гулкарам бандинаи баргҳо ва каллакарами зичеро ташаккул медиҳад, ки аз гулбори сермағзи ғафс иборат мебошад. Дар муқоиса бо каллакарами сафед гулкарам ба хоки ҳосилхез ва ҳарорати баландтар бештар талабот дорад. Ин растании дарозрўз мебошад. Тухмиҳои гулкарам дар ҳарорати 5-60С месабзанд.
Онро дар 50-60 рўзагиаш дар ибтидои моҳи март ва нимаи аввали апрел дар чуқурихои обёришуда мешинонанд. Растаниҳоро то баргҳои паллагиаш ба андозаи 1 см ба хок мешинонанд. Ба миқдори 7-8 дона мешинонанд. Пас аз шинондани кўчатҳо дар 10-
25 рўзагӣ ғизои иловагӣ медиҳанд. Ғизои иловагиро пас аз ҳар 7-
10 рўз такроран медиҳанд. Ба сифати ғизои иловагӣ дар 2/10 л об
35 кислотаи сульфати аммоний, 40 суперфосфат, 20 намаки калийро истифода мекунанд. Ғизои иловагии минералиро бо порўи шуррути органикӣ иваз карда меистанд, ки онро ба миқдори 6-8 ҳиссаи об илова мекунанд.
Навъи шашрўза – (шестидневка) тезрас буда, пас аз 55-65 рўз пухта мерасад. Вазни миёнаи каллакарам 300-500 г-ро ташкил медиҳад. Рангаш сафед.
Навъи ватан – миёнарас буда, дар давоми 65-70 рўз пухта мерасад. Дар як маврид ва ба тарзи оммавӣ мерасад. Вазни миёнаи каллакарамҳояш 300-400 г–ро ташкил дода, шаклаш гирда ва рангаш сафед мебошад.
Агротехникаи гулкарам дар гармхонаҳо. Дар гармхонаҳои барои растаниҳои миёна ва деррас гулкарамро ҳамчун нахустзироат парвариш мекунанд. Бо ин мақсад дар миёнаи моҳи март ва ибтидои моҳи апрел 35-60 кўчати рўзонаро ба миқдори 12-16 растанӣ дар як чаҳорчўба мешинонанд. Ҳарорати ҳаворо дар доираи 17+200С рўзона ва 4+50С шабона нигоҳ медоранд.
Растаниҳоро дер, вале ба миқдори зиёд обёрӣ мекунанд. Ба растаниҳо 2-3 маротиба ғизоӣ иловагии органикию минералӣ медиҳанд, ки бори аввал пас аз 20 рўзи кўчат кардан, бори дуюм пас аз 10-15 рўз ва бори сеюм пас аз ташаккул ёфтани каллакарамҳо иборат мебошанд. Барои ғизои иловагӣ поруи шуррути дар об бо таносуби 1:8 ҳисса омехтакардашударо истифода мебаранд. Дар ҳар 10 л маҳлул ба миқдори 20 г кислотаи сулфити аммоний, суперфосфат ва намаки калий илова мекунанд. Дар ҳар чаҳорчўба ба миқдори 10 л маҳлул сарф мешавад. Ба ҳосилғундории оммавӣ дар нимаи дуюми моҳи май шурўъ мекунанд. Ҳосилнокӣ 6-7 кг-ро аз ҳар як чаҳорчўба ташкил мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё