Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Баъд обмониро дар муҳлатҳои гуногун гузаронидан лозим аст.
Помидорҳои пўхтагиро баъди ҳар 3-4 руз дар фасли тобистон чидан лозим мебошад. Дар хунукиҳои тирамоҳ суръати пухтанаш паст мешавад, барои ҳамин чидани онро баъди ҳар 7-10 рўз гузаронидан лозим мебошад.
Сабзӣ. Яке аз зироатхои паҳнгашта дар сар то сари ҷумҳури мебошад. Дар таркиби сабзи витаминҳои бисёр, кислотаҳои органикӣ, қанд ва дигар моддаҳои зарурӣ хело зиёд мебошанд.
Аз ҳама муҳимаш дар таркиби он аз ҳама зиёд каротин аст, ки он аҳмияти калонд дорад. Сабзӣ дар хўрок ба шакли тару тоза баъди тоза кардани пўсташ ва ҳамчунин коркарди он (шарбати сабзӣ) ва барои таомҳои хунук ва гарм истифода бурда мешавад.
Дар асоси тибби қадим- сабзӣ барои муолиҷаи зарпарвин, (желтуха) касалиҳои ҷигар, муолиҷаи касалиҳои шабкурӣ истифода бурда мешавад Навъи Мушаки Сурх. Ин навъи пешпазак буда, аз баромадани ниҳолҳо аз замин то расидани бехмеваҳояш 90-92 рўз мебошад. Дар вақти кишти ин навъ дар кишти баҳорӣ қисми зиёди ниҳолҳо гул мекунанд ва ҳосилнокии он хело паст мешавад.
Бехмеваҳояш шакли силиндрӣ дошта, қисми болои он ҳамвор мебошад. Вазни миёнаи бехмеваҳо 70-74гр. ва қисми дигари аз ин ҳам зиёд мешавад. Ҳосилнокияш то 400 с/гектар ва аз ҳамин ҳам зиёд шуданаш мумкин аст.
Асоси нигоҳубини сабзии тобистона (дар вақти тобистон моҳи июл 10-то 10 август) кишт карда мешудагӣ аз сари вақт тайёр кардани зичии муътадили ниҳолҳо, об додани замин, нест кардани алафҳои бегона, додани нурии минералӣ ва чидани ҳосил иборат мебошад.
Баъди баромадаи ниҳолҳо обмониро баъди ҳар 6-8 рўз гузаронидан лозим аст.
Алафҳои даруни хатакҳои сабзиро бо култивацияи қаторҳо нест кардан мумкин аст. Дар қаторҳои сабзӣ бошад онҳоро бо тарзи дастӣ хишова кардан лозим аст. Агар алафхои бегона сари вакт нест карда нашаванд ва хишоваи дер кори онро хело дароз карда хосили онро хеле каме мекунад.
Дар киштзори сабзӣ аз ҳама муҳимаш барои нест кардани алафҳои бегона истифодаи гербицидҳо аҳамияти калон дорад.
Баъди кишти сабзӣ ба замин дар як сотих 10-12гр гербисиди прометринро истифода бурда шавад он 90-95% алафҳои бегонаро нест мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё