Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Навъҳои дигари помидор, ки парвариш карда мешаванд:
Первенетс 190, «Утро», Подарок, Восток-36, Ракета, Приднестровская Новинка, Факел, Плавневый А-80, Файзабадский красный, Глория ва ғайраҳо мебошанд.
Агротехникаи парвариши помидор аз сари вақт шинондани ниҳолҳо, дар замин коркарди хуби байни қаторҳои он нест кардани алафҳои бегона ва тоза нигох доштани замин аз алафҳо дар давоми нашъунамои пурраи он.
Коркарди якуми байни қаторҳои помидорро баъд и 10-12 рўзи шинондани ниҳолҳо гузаронидан лозим мебошад. Байни қаторҳо ва бехи ниҳолҳоро дар чуқурии 8-10 см ба воситаи каланд нарм намуда, хокро ба бехи ниҳол кашидан лозим аст.
Баъд и 2-3 ҳафта коркарди дуюмро дар чуқурии 12-16 см гузаронидан лозим аст. Коркарди сеюмро дар вақти ҳосилбандии ниҳолҳо гузаронида, хокро ба назди буттаи он кашидан лозим аст. Дар вақти аввали ҳосилбандии ниҳолҳо помидорро ба пушта гузаронида об дихед ва минбаъд коркарди байни қаторҳоро дар пушта гузаронед.
Помидор заминҳои ҳосилхезро писандида, ба нуриҳои минералӣ ва органикӣ хело муҳтоҷи дорад. Дар замини кишти помидор нуриҳои минералӣ ва органикӣ пошидан зарур аст.
Нурии органикиро (порўи маҳалӣ) пеш аз шудгор ё побел кардани замин ба миқдори 350-400 кг дар як сотиҳ пошидан зарур мебошад. Нуриҳои минералиро (селитра) –ро бошад дар вақти нашуъунамои ниҳолҳои помидор пошидан лозим аст. Дар замини кишти помидор бояд 2-4 маротиба бо селитра ва нуриҳои фосфорӣ озуқа додан зарур аст.
- Дар вақти 10-12 рўз баъд аз шинондани ниҳолҳо ба миқдори 1-1.5кг дар як сотиҳ селитра ва 1.5-2.0 кг аммофос.
Дар вақти пайдо шудани меваҳои помидор ва миқдори 1- 1.5кг дар як сотих селитра. - Дар вақти пўхта расидани помидор аз руи нормаи 1-1.5кг дар 1 сотих селитра пошидан лозим аст.
Барои гирифтани ҳосили баланду босифати помидор обмонӣ ниҳоят роли калонро мебозад. Помидор бениҳоят ба намнокии замин эҳтиёҷи калон дорад. Обмонии ниҳолҳои помидорро бояд аз вақти шинондани ниҳолҳои сар карда дар вақти шинондани ниҳолҳо оби якуми онро додан зарур аст, то ин ки ниҳолҳо ба замин часпида амал кунанд ва баъди 4-6 рўз оби дуямро гирифтан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё