Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Нигоҳубин. Асоси агротехникаи парвариши пиёзро аз замин баромадани ниҳолҳои он ташкил медиҳад, ки зичии муътадили онҳоро то давраи ғунучини он бояд нигоҳ дошта шавад. Барои гирифтани ҳосили баланди пиёз он зичии ниҳолҳо дар 1м/кв бояд 100 то 150 ниҳолҳоро ташкил кунад. Омили дигари ҳосили баланд дар хишоваи алафҳои бегона тоза кардан лозим аст ва ин амалро якҷоя бо тоқакунии ниҳолҳо гузаронидан хело бомаврид аст.
Дар давраи баҳору тобистон дар замини кишти пиёз трипс ниҳоят зиёд шуда, ба ҳосили он зарари калон мерасонад. Чунки он ба танаи ниҳолҳо часпида, шираи онро мемакад ва ин сабаби аз нашъунамо мондан ва зард шудани баргҳо мегардад. Барои нест кардани онҳо фақат заҳрҳои химиявиро ба монанди Би-58, Нурелл-Д –ро истифода бурдан лозим мебошад. Дар 10-12л об 15-20 гр ин заҳрҳоро омехта дар як сотиҳ замин пошидан лозим аст.
Обмонии ниҳолҳои пиёз дар вақти инкишофи барг гузаронидан зарур аст. Дар моҳҳои май, июн обмониро баъд и ҳар 7-8 рўз ва дар моҳи июл ва август баъд и 5-6 рўзи додан лозим аст. Дар давоми нашъу намои пиёз онро 14-16 маротиба об додан лозим аст. Дар нимаи якум ва дуюми моҳи август 3-4 ҳафта пеш аз расидани ҳосил обмониро қатъ кардан лозим аст, ки ин пўхта расидани бехи онро метезонад.
Ин зироат ниҳоят ба нуриҳои органикӣ ва минералӣ эҳтиёҷманд аст. Бо мақсади гирифтани ҳосили баланду хуб пухта расидани бехи пиёз ва якхела будани ҳосил замини кишти онро аз алафҳои бегона тоза кардан лозим аст.
Дар замини кишти пиёз се маротиба нурии минералӣ додан зарур мебошад. Дорудиҳии якумро баъди хишоваи якуми алафҳои бегона дар вакти 3-4 барг баровардани ниҳолҳо додан зарур аст. Аз ҳисоби 0.6-1 кг аммиачная селитра дар як сотих.
Озуқадиҳии дуюмро бошад баъд и 20-25 рўзи озуқаи якўм аз ҳисоби 1-1.5 кг селитра дар як сотих додан лозим аст. Дар вақти дорудиҳии пиёз як чизро қайд кардан зарур аст, ки бояд нуриҳои минералиро аз руи нишондоди дар боло қайдшуда додан лозим аст. Агар аз ин миқдор зиёд шавад он гоҳ мўҳлати пўхта расидани он дароз мешавад ва дар вақти нигоҳ доштан бехи он дер намеистад ва тез вайрон мешавад. Агар аз миқдрои кам истифода бурда шавад, ҳосилнокии онро паст мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё