Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Дар баргҳои поёнӣ доғҳои тираи ҷигартоби тар (бофтаи мўрда) бо халқаи сабзи равшан иҳоташуда, ба вуҷуд меоянд. Ин касали асосан ҳангоми мусоид будани обу ҳаво (намнокии баланди ҳарорати 15-20 С) пайдо шуда, зуд паҳн мегардад ва дар натиҷаи зиёд паҳн шудани он ниҳоли картошка нобуд мешавад.
Дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво таъсири ин касалӣ кам мешавад. Муборизаи асоси бар зидди ин касали асосан аз нобуд кардани сарчашмаҳои асосии инфекцияи лундаҳои касал, ба сифати тухмӣ истифода бурдани лундаҳои солим сари вақт ва бо сифат кор кардани майдони картошка, риоя намудани киштгардон. Картошкаро баъди гандум, лубиё, чуворимакка, кишт кардан мақсаднок аст. Аз захрихимикатҳо ба муқобили ин касали метавон аз маҳлулҳои кории ридомил, купрозан, цинеб ва ғайраҳо истифода бурд. Дар 10 литр об 15-20 г. заҳрхимикатҳои номбаркардашуда тавсия кардан мумкин аст.
Ба картошказор инчунин дигар касалиҳо ба монанди макроспориоз, пажмурдашавии фузариозии вертициллиозӣ ва дигар касалиҳо зарар мерасонанд. Бар зидди ин касалиҳо низ аз тавсияномаҳои зидди касалии фитофтороз метавон истифола бурд.
Ҳосили картошкаро ба ин восита чидан лозим аст. Баъди аз замин чиндани ҳосили картошка онро бояд якчанд соат (2-3) дар замин хушконда, ба гурўҳҳо ҷудо карда, (лундаҳои калон, миёна, хурд) лундаҳое ки вазнашон аз 25-30 гр кам мебошад ба чорво дода, лундаҳои барои хўрок ҷудокардашударо дар ҷойхои салқин нигоҳ доштан лозим аст.
Пиёз. Дар шароити Тоҷикистон қариб ки тамоми сол парвариш карда мешавад. Ба ғайр аз гирифтани кабудии он аз дар давоми сол ду ҳосил гирифтан мумкин аст.
Дар тибби халқи пиёзи кабуд ва шарбатобӣ он дар бораи муолиҷаи касалиҳои дизентерӣ, туберкулез, астма, ангена, грипп ва дигар хел касалҳо истифода бурда мешавад.
Дар тибби халкӣ, пиёз барои табобати касалиҳои гуногун васеъ истифода бурда мешавад.
Аз рўи гуфтаҳои Абуали ибни Сино пиёз дар асоси тез буданаш, меъдаро мустаҳкам карда, иштиҳои одамро зиёд мекунад, аз зардпарвин кўмак менамояд.
Навъи Испанӣ-313. Ин навъи пиёз дерпазак, аз пайдоиши ниҳолҳо то пўхта расидани он дар вақти кишти тирамоҳӣ (октябрь-ноябрь) 270-280 рўз ва дар вақти кишти баҳорӣ (февраль-марть) 170-180 рўзро ташкил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё