Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Дар ин маврид як қисми хоки болои ниҳолҳоро гирифта, ба дохили хатҳо кашидан лозим аст, то ин ки ниҳолҳо тез аз замин неш зада бароянд.
Пеш аз баромадани ниҳолҳо сихмола кардани қаторҳои замини картошка ҳосилнокии онро хело зиёд мекунад. Асосан картошкаи барвақтӣ, ки аз сафолак ва алафҳои бегона озод карда мешавад ҳамчун усули асосии нигоҳубини майдони картошказор мебошад.
Баъди коркарди дуюми картошказор агар дар майдон алафҳои бегона пайдо шаванд, онҳоро ба воситаи кетман нест карда, бехи ниҳолҳоро нарм кардан лозим аст. Ин нашъунамои онро метезонад. Коркарди сеюми байни қаторҳоро дар вақти муғҷабандӣ ва аввали гулкунӣ гузаронидан зарур мебошад (пеш аз расидани буттаҳо ва баргҳо аз як қатор ба қатори дигар). Дар ин муддат байни қаторҳоро то чуқурии 14-16 см нарм карда, озўқа дода, хатҳои обмониро кашидан лозим мебошад.
Пеш аз кишт дар вақти побел кардани замин ба он ба миқдори 300-400кг дар як сотик нурии органикӣ пошидан зарур аст.
Нурии минералиро бошад дар вақти нашъунамои ниҳолҳо дар вақти коркарди якўми ниҳолҳо ба миқдори 3-4 кг дар як сотих пошидан зарур мебошад. Озўкаи дуюмро бошад пеш аз гулкунӣ ниҳолҳо ба миқдори 2-3 кг дар як сотих пошидан зарур аст.
Ҳосилнокии картошказор аз реҷаи дурусти обмонии он вобастагии калон дорад. Дар сурати риоя накардани реҷаи обмонӣ миқдор ва сифати ҳосил хело паст мегардад.
Обмонии картошказори барвақтиро охири моҳи апрел ва аввали моҳи май дар вақти гулкунии картошказор сар кардан лозим аст.
Картошказор бояд дар муддати 5-7 рўз як бор об монда шавад.
Гамбуси колорадӣ. Яке аз ҳашаротҳои зараррасони картошка мебошад, ки асосан баргҳои картошкаро хўрда ,ба ҳосили он зарари хело калон мерасонад ва дар натиҷаи зарари он ҳосили картошка қариб 60-70% ва аз ин ҳам зиёд несту нобуд мешавад.
Ин ҳашароти зараррасони картошка ҳоло дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳури хело зиёд шуда, ба киштзорҳои картошка зарари калон расонида истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё