Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Агар помидорро аз тухмаш шинондан хоҳед, онро дар охири моҳи март ва аввали апрел ба замин коред. Ин чорабинӣ асосан ба воситаи сеялка, агар майдон калон бошад ба ҷо оварда мешавад. Вале дар майдони хурд шумо метавонед онро дастӣ дар ҳар лонаи кишт 3-4 дона шинонед.
Картошка - яке аз зироатҳои асосии хурокӣ ва техникӣ ба ҳисоб меравад. Дар лундаҳои картошка ба ҳисоби миёна 75-80% об, 13-20% крахмал, 0.8-1.5% қанд, 3% сафедаҳо мавҷуд мебошад.
Инчунин дар лундаҳои картошка витаминҳои А, С, В, Р ва ғайраҳо мавҷуданд. Чи хеле ки дар урфият мегуянд, картошка ин «нони дуюм» мебошад, чунки одам вайро ҳар рўз истеъмол мекунад. Маҳсулоти картошка ба намудҳои гуногуни таомҳо истемол карда мешавад. Мардуми олам аз картошка зиёда аз 200 намуди таом тайёр менамоянд.
Навъҳо. Кардинал - ин навъи миёнапаз буда, давраи нашъунамояш баъди баромадани ниҳолҳо аз замин то пўхта расиданаш 120-130 рўзро ташкил медиҳад. Лундаҳояш сурху ҳамвор буда, ранги дохилаш сафед ё зардчатоб мебошад. Ниҳоли баланд ва барги бисёр дорад, баргҳояш калон, гулаш сурх ва сафед мебошад. Як ниҳоли он аз 6 то 10 дона лунда медиҳад. Ин навъ ба касалии фитофтораз тобовар мебошад. Ҳосилнокии ин навъ дар вақти дар муҳлати хубии агретехникӣ шинондан ва нигоҳубини хуби он аз 300 то 400 кг аз як сотих аст.
Зарина - ин навъи миёнапаз буда, давраи нашъунамояш 125- 135 рўз мебошад. Лундаҳои ин навъ хеле бомаза буда, таъми баланд доранд. Дар вақти пухтан лунда об нагашта, ҳолати пешинаашро нигоҳ медора. Ин навъ нисбат ба навъҳои мавҷуда 2-4 % зиёдтар крахмал дорад. Лундаҳояш зарду ҳамвор буда, ранги дохилаш зардчатоб мебошад. Ниҳоли баланд ва барги бисёр дорад, баргҳояш калон буда, гулаш нилуфар мебошад. Як ниҳоли он аз 8 то 12 дона лунда медиҳад. Ин навъ ба касалии фитофтораз тобовар мебошад. Ҳосилнокии ин навъ дар вақти дар муҳлати хуби агротехникӣ шинондан ва нигоҳубини зарурӣ кардан аз 350 то 450 кг аз як сотих аст.
Парвариши картошкаи барвақтӣ. Асоси нигоҳубини картошкаи барвактӣ, ки аз тирамоҳ, (ноябр-декабр) шинонда шудааст, аз он иборат аст, ки ду маротиба гузаронидани кордарди байни қаторҳо дар чуқурии 12-14 см ва ба воситаи нарм кардани қаторхо пеш аз 10-12 рўз аз баромади ниҳолҳо ва коркарди дуюм бошад пеш аз 4-5 рўзи баромадани ниҳолҳо иборат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё