Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои ба тариқи механикӣ ғундоштани ҳосил комбайнҳои СК-4; СК-5; СКД-5 ба кор бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки пас аз даравидани шолӣ аз банди шоху навда 2 ҳосил гирифтан имкон дорад, вале на он қадар зиёд.

ЗИРОАТҲОИ САБЗАВОТӢ
Зироатҳои сабзавотӣ аз ҷумла пиёз, сабзӣ, помидор ва картошка барои хаёти инсон ахмияти калон доранд. Ҳамаи ин зироатҳо қариб ки дар хуроки ҳамарузаи инсон хело васеъ истифода бурда мешаванд. Зироатҳои сабзавотӣ бештар ба шакли тару тоза (помидор, бодиринг, шалгамча, гашнич, пиёз ва ғайрахо) истеъмол карда мешавад. Ин шакли истифодабари низ дар хуроквории одам аҳамияти калон дорад. Дар таркиби ин зироатҳо махсусан мавҷуд будани витаминҳо, ки аз калимаи «витос» яъне ҳаёт гирифта шудааст, хело аҳамияти калон доранд.
Дар давоми ҳазорсолаҳо табибони кўҳан зироатҳои сабзавотиро „хурокаи доругӣ„ меномиданд ва онро бо тарзи васеъ ҳамчун доруи муолиҷавӣ барои касалиҳои дарунӣ тавсия медоданд.
Мувофиқи нормаи истеъмоли зироатҳои сабзавотӣ ва картошка, ки онро вазорати тандурусти тасдик кардааст, бояд истеъмоли яксолаи картошка барои як одам 55кг, помидор 33кг, пиёз 14кг, сабзи 11кг, карами сафед 16кг, бодиринг 7кг-ро ташкил дихад.
Тайёр намудани замин барои кишти зироатҳои сабзавотӣ.
Зироатҳои сабзавотӣ аз ҷумлаи пиёз, помидор, сабзӣ ва картошка дар заминҳои хокашон сабук, қумзамин ва паст ҷойгир шудани обҳои зеризамини хуб нашъунамо ёфта, ҳосили баланд медиҳанд. Дар заминҳои ботлоқӣ ва дар сатҳи баланд ҷойгир шудани обҳои зери заминӣ ҳосили ин зироатҳо хеле паст мешаванд.
Асоси гирифтани ҳосили зироатҳои сабзавотӣ ва картошка сари вақт ва бо сифати баланд тайёр намудани замин барои кишт мебошад. Дар заминҳое ки картошка, помидор, каду кишт карда мешаванд, бояд ҳатман пеш аз шудгор кардани замин ба он ба миқдори 300-400кг дар 1 сотик порўи органикӣ пошида, баъд заминро нарм мекунанд. Агар шумо бо нуриҳои фосфорӣ таъмин бошед (ба монанди аммофос, суперфосфат) онро ба микдори 3- 4кг дар 1 сотих ба замин пошед.

пешина
аз 164
навбатӣ