Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Чуқурии қарордошти тухмӣ. Тухмии шолӣ метавонад дар ҳавои кушод рушд кунад ва қарордошти чуқурро бардошт надорад; 1-2 мм хок басанда аст, ки майсаи онҳо ҳосил гардад. Аз ин ру ҳангоми кишт тухмии шолиро ба чуқурии 1,5-2 см мекоранд ё дар мавриди кишти дастӣ коштани он бо роҳи омезиш додани лойқа амалӣ карда мешавад. Киштро бо тухмипошакҳои тамғаи СЗУ-3,6; СЗР-3,6; СРН-3,6 низ мегузаронанд.
Нигоҳубини киштзор. Яке аз усулҳои нигоҳубини шолӣ ин нигоҳ доштани сатҳи об дар палҳо мебошад. Дар ҷумҳурӣ шолӣ бо роҳи зери об монондан ва ба танзим гирифтани сатҳи об парвариш карда мешавад сатҳи об дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона ба танзим гирифта мешавад (сатҳи обро баланд бардошта, якчанд рўз мемонанд, сипас онро паст мефароранд).
Сатҳи об дар палхо ба миқдори 6-8 см муқаррар карда мешавад.
Дар ибтидои часпиши тухмиҳо сатҳи об то 1-2 см паст фароварда мешавад, сипас он афзоиш меёбад. Дар давраи шоху навдабарорӣ қабати об реҷаи ҳаворо беҳтар месозад. Пас аз он ки об бо нурӣ ҷаббида мешавад, обро то 3/4 ҳиссаи баландии растаниҳо пур мекунанд ва то давраи ширагирии дон нигоҳ дошта, то охири ин давра кам мекунанд. Дар ибтидои давраи нимдунбулшавӣ бошад, обро аз палҳо мерезанд. Дар палҳои аз алафи бегона ифлосгашта (курмак), пас аз баромадани майса обро аз курмак болотар, ба миқдори 5-6 см бардошта, вақте ки алафҳои бегона талаф мегарданд, обро то ба баландии 3/4 ҳиссаи шолӣ ба танзим мегиранд. Дар майдонҳои шўргашта қабати зиёди об ва ҷараёни ҳамешагии онро таъмин мекунанд. Дар киштзорҳои шолӣ нигоҳ доштани ҳарорати 23-340С об мувофиқтар аст.
Дар киштзорҳои шолӣ зараррасонҳое, аз қабили гўсоласар, малахи шолӣ вомехўранд, ки ба муқобили онҳо бо тадбирҳои комплексӣ – агротехникӣ, кимиёӣ (заҳролуд сохтани тухмӣ, домҳои кимиёвӣ) мубориза бурдан лозим аст. Киштзорҳои шолӣ бо касалиҳое аз қабили доғзанӣ, решатосак мубтало мегарданд.
Аз ин рў мебояд навъҳои тобовар истифода бурда шуда, киштгардонӣ татбиқ карда шуда ва пеш аз кишт тухмӣ заҳролуд гардонида шавад. Бештар дар палхои шолӣ обсабзҳо пайдо мешаванд, ки ба муқобили онҳо даҳони фаранг бо ҳисоби 3-4 кг/га истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳосилғундорӣ. Дар ибтидои нимдумбул гаштани дон аз палҳо обро мепартоянд. Ба ҷамъоварии шолӣ вақте шурўъ менамоянд, ки қисми миёнаи тўдагулҳо мерасанд. Бештар бо роҳи комбайнӣ ҳосилро меғундоранд, вале роҳи ҷудогона низ тавсия мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ