Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Андози замин дар Моддаи 33 Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин оварда шудааст.
Андози замин ва иҷорапулии заминҳои кишоварзӣ вобаста ба сифату ҷойгиршавии қитъаи замин бо дар назардошти арзиши кадастриаш муайян карда мешавад.
Меъёри барои истифодаи дигар навъҳои замин бо дарназардошти ҷойгиршавии онҳо, хусусияти истифодабарӣ, ҷихатҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиашон муайян карда мешавад.
Асоси ҳисоб кардани меъёри андозу иҷорпулии замин нархи арзиши 1 гектар мебошад, аз ҷониби Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Он устувор буда, дар сурати аз нав дида баромадани нарху тарифҳои маҳсулоти саноату кишоварзӣ ва аниқ кардани маводи кадастри давлатии замин тағйир ёфта метавонад.
Имрўз хоҷагиҳои деҳқонӣ 10 намуди андоз месупоранд, ки 8-и он ҷумҳуриявӣ ва 2-и он ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ҳисобида мешаванд. Барои осон гардонидани андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2003) дар 4 ноҳия санҷиши андозбандии ягона гузаронидашуда истодааст, ки аз натиҷаи он тағйиротҳои лозимаи андоз пешбинӣ карда мешавад. Андозбандии ягона бояд аз аввали соли 2005 дар қаламрави Чумҳури чорӣ карда мешавад.
Моддаи 28. Мафҳум ва ташкили ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ Ассотсиатсия бо роҳи ихтиёри муттаҳид шудани хоҷагиҳои деҳқонии мустақил ташкил карда мешавад. Ассотсиатсия дар асоси шартномаи таъсиснамоӣ ва оинномаи тасдиқнамудаи иштирокчиёнаш амал намуда, шахси ҳуқуқӣ мебошад ва дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудаи он ба қайд гирифта мешавад.
Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ҳайати ассотсиатсия дохил мешаванд, мустақилият, ҳуқуқи истифодаи заминро нигоҳ медоранд ва амали ҳамин Қонун ба онҳо паҳн мешавад.
Амалҳои маҷбуран ба ассотсиатсия дохил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ манъ аст.
Ташкили ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ як қатор афзалиятҳоро дорад. Масалан, дар натиҷаи тақсим кардани заминҳои колхоз, совхоз ва ғайраҳо барои ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ як қатор соҳаҳои ёрирасонӣ аз байн мераванд – парки трактору мошинҳо, обёрирасонӣ, барқистифодабарӣ, фурўши маҳсулот ва ғайраҳо.

пешина
аз 164
навбатӣ