Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар замони ҳозира ҳар як ҳоҷагии деҳқонӣ дар танҳоӣ ин структураҳои ёрирасониро ташкил кардан наметавонад. Барои ҳамин ташкил намудани ассотсиатсияҳо зарур аст. Ба ғайр аз ин, ассотсиатсияҳо ҳуқуқи хоҷагии деҳқониро дар мақомотҳои лозима ҳимоя менамоянд, иҷроиши як қатор корҳои ташкилию истеҳсолотиро ба ўҳда мегиранд.
Моддаи 29. Идора кардани ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ Мақоми олии идораи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
Вазифаҳои иҷроиявӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро шўрои ассотсиатсия ба амал мебарорад, ки онро раис роҳбарӣ менамояд.
Шўрои ассотсиатсияро маҷлиси умумии иштирокчиёни он интихоб мекунад.
Моддаи 30. Фаъолияти истеҳсолию молиявӣ ва хоҷагидории ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ Барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои худ ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:
а) амалҳои умумии дар байни иштирокчиёнаш мувофиқшударо дар соҳаи тиҷорат, молия, қарзу кредит, тараққиёти техникӣ анҷом диҳад; б) бо роҳи маблағҷудокунии ихтиёрӣ захираҳои молиявӣ ва моддӣ ташкил кунад, вазифаҳои истеҳсолию хоҷагиро мутамарказ намояд; в) бо ёрии нархҳои ҳисобӣ, тарифҳо ва нархгузориҳо муносибати байни иштирокчиёни онро танзим намояд.
Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ оиди ўҳдадориҳои иштирокчиёнаш ва иштирокчиён оиди ўҳдадориҳои ассотсиатсия масъул намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад.
Тартиби хориҷшавӣ аз ассотсиатсия ва барҳамдиҳии ассотсиатсияро оиннома муайян мекунад.
Асосҳои ҳуқуқии ташкил намудани ассотсиатсияҳо дар Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.
Моддаи 133.Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо) 1.

пешина
аз 164
навбатӣ