Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Аъзои хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба нафақа баромадан дорад. Дар ин маврид тамоми муддати дар хоҷагии деҳқонӣ кор карданаш ба собиқаи умумии кори он дохил карда мешавад.
Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ бо ёрдампулии яквақта ва дигар имтиёзҳои пешбинигардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Давраи дар хоҷагии деҳқонӣ кор кардани аъзои хочагӣ ва шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, дар асоси сабт дар дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимоӣ ба собиқаи умумӣ ва бефосилаи кораш дохил карда мешавад.
Фаъолияти меҳнатии аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ мустақилона ба ҳисоб гирифта мешавад.
Хоҷагии деҳқонӣ барои зарари расондаи аъзои он ба шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, барои маъюбӣ ва дигар зарар ба саломатӣ, ки ба иҷрои супоришҳои меҳнатиашон вобастаанд, масъулияти моддӣ дорад.
Моддаи 26. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ Хоҷагии деҳқонӣ имтиёзҳои зайл дорад:
а) бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ хусусияти озод дошта барои бақайдгирӣ маблағ пардохта намешавад; б) бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пайвасткунии иқтидорҳои қувваи барқ, обрасонӣ (бе ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ) озод мебошад; в) дар бонкҳои тиҷоратӣ бе пардохт суратҳисоб кушояд; г) аз бонкҳои тиҷоратӣ кредитҳои имтиёзнок гирад; д) аз ҳуқуқи афзалиятнок ҳангоми ҷойгиронии супоришҳо барои эҳтиёҷи давлатӣ истифода барад; е) аз ҳисоби маблағҳои барои дастгирии соҳибкории хурд ҷудошуда такмили ихтисос ва кадрҳо тайёр намояд; ё) аз дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
Моддаи 27. Андозбандии хоҷагии деҳқонӣ Андозбандии хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё