Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мисол: (Ассотсиатсияи Занҳои Корчаллон, Фонди Тараққиёт, Ориён, ACTED, Ситораи Наҷот, Каунтерпарт Консорсиум, Milenium ва ғайра).
Моддаи 22. Меҳнат дар хоҷагии деҳқонӣ Меҳнат дар хоҷагии деҳқонӣ асосан бо қувваи аъзои худи хоҷагӣ сурат мегирад.
Иҷрои корҳо бо ҷалби шаҳрвандони дигаре, ки аз рўи шартнома кор мекунанд, бо меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд Пардохти музди меҳнати шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, ба тартиби хароҷотҳои ҷорӣ дохил карда шуда, дар навбати аввал ба амалбароварда мешавад. Он аз натиҷаҳои кори хоҷагии деҳқонӣ вобаста нест, агар дар ин бобат шартномаи махсус вуҷуд надошта бошад.
Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки ба тариқи шартномавӣ дар хоҷагии деҳқонӣ барои иҷрои корҳо ҷалб карда мешаванд, аз ҳамаи ҳуқуқҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида истифода мебаранд.
Моддаи 23. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар хоҷагии деҳқонӣ Хоҷагии деҳқонӣ натиҷаҳои корашро ба ҳисоб мегирад.
Хоҷагии деҳқонӣ ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ўҳдадоранд дар бораи фаъолияти худ ба мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҳисобот диҳанд.
Моддаи 24. Суғуртаи амволи хоҷагии деҳқонӣ ва ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ Суғуртаи амволи (зироатҳои кишоварзӣ, чорво, воситаҳои асосӣ ва дигар амвол) хоҷагии деҳқонӣ ва ассотсиатсияи онҳо мувофиқи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 25. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ Аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар асосҳои баробар воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мебошад. Ҳаққи узвияти суғуртавӣ аз тамоми маблағи музди меҳнати аъзои хоҷагии деҳқонӣ пардохта мешавад. Аз даромадҳо хароҷоти амалии хоҷагӣ, ки ба тараққиёти хоҷагии деҳқонӣ вобастаанд, бароварда мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ