Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Яъне мувофиқи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи хоҷагии деҳқонӣ ва ҳуқуқи истифодаи замини аъзои он ба мерос мегузарад. Ин сана дар Кодекси Замини ҶТ ҳам оварда шудааст.
Кодекси Замини ҶТ. Моддаи 12. Истифодаи мероси якумра Ба истифодаи мероси якумра замин ба ашхоси воқеӣ ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ дода мешавад. Қитъаҳои замине, ки ба онҳо, ҳуқуқи истифодаи меросии якумра дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд.
Моддаи 20. Фаъолияти молиявии хоҷагии деҳқонӣ Маблағи хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби даромад аз фурўши маҳсулот (кору хизматрасонӣ), қарзу кредитҳо, маблағҷудокуниҳои буҷетӣ, хайрияҳо ва дигар даромадҳо ташкил мегардад.
Фаъолияти молиявии хоҷагии деҳқонӣ ба воситаи суратҳисоби бонкӣ ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла суратҳисоби асъорӣ ва ба амал баровардани тамоми навъҳои муомилоти муҳосибавӣ, қарзию кредитӣ ва кассавӣ суръат мегирад.
Баровардани маблағҳо ва суратҳисоби бонкии хоҷагии деҳқонӣ танҳо бо розигии хоҷагии деҳқонӣ ё бо қарори суд сурат мегирад.
Асоси ҳисоботи молиявӣ ҳисоботи солонаи хоҷагии деҳқонӣ мебошад.
Моддаи 21. Гирифтани кредит аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ Хоҷагии деҳқонӣ метавонад аз кредити додаи ҳамаи намуди бонкҳо дар асоси шартномаҳое, ки шартҳои кредитдиҳиро муайян мекунанд, истифода барад.
Баргардонидани кредити гирифтаи хоҷагии деҳқонӣ бо гарав ё дигар намудҳои ўҳдадориҳо таъмин карда мешавад.
Ҳар як хоҷагии деҳқонӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ метавонад аз ҳама намуди бонкҳо (давлатию тиҷоратӣ) дар асоси шартномаи қабулкардашуда қарзҳо гиранд.
Баргардонидани қарзи гирифтаи хоҷагии деҳқонӣ бо гарав ё дигар намуди ўҳдадориҳо таъмин карда мешавад. Ғайр аз бонкҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонад кредитро аз ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатии, ки фаъолияташон ба ҳамин кор равона карда шудааст, гирифта метавонанд. Шумораи ин ташкилотҳо зиёда аз 30-ро ташкил менамояд ва дар тамоми нохияҳои мамлакат ҷойгир шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё