Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Инчунин барои ин кор лойиқаи поруи наву хок бо омехтагии ками солярка ё ин ки собун низ аз фоида холӣ нест.
Аввалҳои моҳи феврал ( дар водӣ) ва моҳи март ( дар куҳсор) гирифтану гузаронидани пайвандгузаронии кундапйванд барои ривоҷи боғпарвари аҳамияти калон дорад. Махсусан тайёр намудани навдаҳои пайвандиро бояд то варам кардану саршавии мубодилаи моддаҳои авзоишии дарахтон ( дар ҳолати карахтии дарахтон) гирфтан лозим аст.
Дар баланд бардоштани ҳосилнокии боғот, гузаронидани шаклдиҳӣ ва буридани шаххои хушку зиёдати (образкаи зимистона ва баҳори) аҳамияти калон доард. Барои бисёр захмин нагаштани навдаҳои ғафс аввал аз қисми поёнии навда 2,5 см бо арра пустро бурида баъд аз қисми болои навдаро ё шохи дарахтро буридан зарур аст. Захми ҷои буридаро ба бо маҳлули 5% дахани фаранг (50 г дар 1лирт об) шуста, болои онро ба омехтаи хокистар ва регу хок мебанданд. Агар дар навдаи буридашуда нишонаҳои касалии саратони сиёҳшуда бошад, ба он омехтаи (аз 6 ҳисса нигрол + 2 ҳисса парафини об карда шуда+ 2 ҳисса калифолиди об кардашуда) молида бастан даркор аст.
Инчунин молидани ҷои захми пайдогашта ба воситаи краскиҳои махсуси боғот аҳамияти калон дорад. Агар ин ҳам пайдо накардед омехтаи лойиқаи оҳак, хокистару сафедхокро (0,5 :1:1ҳисса) ба ҷои захм молида, онро бо матоъ бандед. Пеш аз гулкунӣ ба танаи дарахтон бо матоъ маҳули хлорофос (300г дар 100л об) ё эмульсияи 30% метафос тар кардашударо бастан лозим аст. Баъди аз ин дарахтонро сахт ларзонида ё бо ёрии чуби дароз (ходаи дарахтафшонӣ) кирму ҳашароти гулхурак ва мевахўракро резонда, ҷамъ карда, нест кардан лозим аст.
Ба муқобили ҳашаротҳои зарарасони боғот ба монанди кирми себхурак ( яблоновая плодожорка), мурҳои дарахтон (яблоновая моль), тортанакҳо, ширинчаҳо, сафедболакҳо ва ғайраҳо пошидани заҳрхимикатҳои Рогор, Нурел-Де, Фюре, Карате, Децис, метофос, бутифос ва ғайраҳоро метавонед истифода баред.
Миқдори сарфи ин заҳрҳо 1 то 2 кг дар 600- 800 литр об дар як га мебошад (вобаста аз тавсияҳои дар рухсатномаҳои ин захрхимикатҳои овардашуда).
Ба муқобили зирехакхо (шитофки), кутурхои гуногун (парша), ордаки сафеди баргхо (мучинстая роса), макроспориоз, ризоктозхо ва дигар касалихои замбуруги ва бактерияви истифода бурдани захрхои купрозан, белан, цинеб, купроси мис, ридомил ва дигар захрхои тавсияшавандаро мувофики микдори сарфи тавсияшавии онхо дар 1 га истифода бурда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё