ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Беҳтар ба роҳ мондани муносибатҳои байни шахс, давлат ва ҷомеа, идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, интихоботи шаффофу демократӣ, рақобати озоди аҳзоби сиёсӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, дунявият ва эҳтироми муқаддасоти динии мардуми гуногунмиллатамон мисли пешина дар ҷумлаи афзалиятҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт.
Сеюм. Ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни ислоҳот дар сиёсати кадрӣ эътибори катъӣ додан ба хислатҳои шахсии боло гузоштани Ватан ва манфиатҳои умумимиллӣ, касбият, қобилияти ташкилотчигӣ ва зеҳниву таҳлилӣ, ҳисси масъулият, фарҳанги баланди маънавию сиёсӣ ва ахлоқи ҳамида, инсондўстию оштинопазирӣ ба зуҳуроти коррупсиониро ҳангоми интихоби хизматчиёни давлатӣ муҳим мешуморад.
Чорум. Ҳуқуқу озодиҳои зотии инсон, мисли ҳаёт, қадр, номус, шараф, озодии баён ва амсоли ин барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқаддасанд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд ҳам таъмини ҳуқуқи пурраи ин арзишҳои олии инсониро дар ҷомеа вазифаи худ ҳисоб мекунад.
Панҷум. Муколама ва ҳамдигарфаҳмии миёни ҳизбҳо, гурўҳҳо ва табақаҳои ҷомеа, ҳифзи гуногунандешӣ мавриди пуштибонии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё