Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шашум. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон рисолати ҳамешагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.
Ҳафтум. Амнияти миллӣ. Мубориза ба ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкор ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез. Таъмини амнияти шахсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд.
Таасуботи динӣ таҳдид ба амнияти миллист. Ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дохилию хориҷӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири густариши арзишҳои умумиинсонӣ дар ҷомеа.
Муқовимати ҳизб бо зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар афкору рафтори аъзои алоҳидаи ҷомеаи кишвар. Давлат ҳомии озодиҳои динӣ буду мемонад ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ ба хотири таъмини муҳити солими диндорӣ, таҳкими ваҳдати миллию суботи сиёсӣ амри зарурӣ ба шумор меравад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қудратҳои зеҳнӣ ва ташкили хешро ба таҳкими мафкураи миллӣ бар пояи илм бунёдёфта ва пешгирии равияҳои хатарнок дар ин ҷомеа равона месозад.
Ҳаштум. Омили инсон. Барои тақвиятӣ неруи инсонӣ, ба камол расондани шахсияти донишманду бомаърифат, соҳибҳунар, ватандўсту дорои хислатҳои неки инсонӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон татбиқи барномаҳои қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси мақсаднокро зарур мешуморад.
Нуҳум. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳамкории ҳамешагии давлат ва созмонҳои ҷамъиятӣ кўшиш мекунад, ба хотири ҳифзи манфиатҳои олии давлатӣ муколамаҳои сиёсиро тавсеа мебахшад, фарҳанги сиёсиро тақвият медиҳад.
Дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдори идомаи «сиёсати дарҳои кушода» ва стратегияи бисёрсамтаи равобити хориҷӣ мебошад, ки онҳо ҳифзи манфиатҳои олии миллӣ, шароити мусоиди берунаро барои татбиқи стратегияҳои рушди кишвар таъмин мегардонанд.

пешина
аз 601
навбатӣ